Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Поккорӣ" дар додситонии кулли Узбекистон пас аз боздошти Муродов


Пас аз барканории Отабек Муродов аз мақоми додситонии кулли Узбекистон чандин корманди баландпояи дигари ин ниҳод низ аз кор ронда шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир бештари барканоршудаҳо ҳамчун гумонбар ё шоҳид бозпурсӣ мешаванд. Ба гуфтаи як манбаъ, ба худи Муродов, ки дар ҳабс аст, иҷозат намедиҳанд, бо вакили дифоаш мулоқот кунад.

Як манбаи наздик ба мақомоти қудратии Узбекистон гуфт, дар додситонии кулли ин кишвар асосан онҳоеро аз мақом барканор карданд, ки бо Отабек Муродов наздик буданд. Ҳудуди даҳ тани онҳо ба ҳайси гумонбар бозпурсӣ мешаванд.

Ба гуфтаи як манбаи дигар, тақрибан ҳудуди 70 дарсади додситонҳои вилоятҳои Узбекистон аризаи аз кор рафтани худро пешниҳод кардаанд ва дархости онҳо низ қабул шудааст. Вале дар Додситонии кулли Узбекистон ин хабарро тасдиқ накарданд.

Додситонҳои барканоршуда зидди раҳбари пешини худ баёнот додаанд. Онҳо гуфтаанд, ки иҷборан ба Отабек Муродов пора медоданд.

Ёдрас мешавем, дар Додситонии кулли Узбекистон "поккорӣ" пас аз боздошти ду додситони кул -- Рашид Қодиров ва Абдулло Ихтиёров бо гумони фасодкорӣ ва сӯистифода аз мақом оғоз шуд.

XS
SM
MD
LG