Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани 72-солаи узбек мехоҳад, ба донишгоҳ дохил шавад


Дар Узбекистон зани 72-солае ҳуҷҷатҳои худро барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Фарғона пешниҳод кардааст. Дар ин бора сардори Маркази миллии тестии Узбекистон Барно Раҷабов ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ҳуҷҷатҳои зан бар асоси қоидаҳои наве қабул шуданд, ки маҳдудияти сину солиро ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо бекор мекунанд.

Ҳамчунин довталабони узбек аз ин ба баъд вазифадор нестанд, ки барои дохил шудан ба донишгоҳҳо маълумотномаи тиббӣ (Форма-086) пешниҳод кунанд.

То ба имрӯз беш аз 70 ҳазор кас ҳуҷҷатҳои худро барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Узбекистон пешниҳод кардаанд.

XS
SM
MD
LG