Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сомон Эйр" аз иҷораи "Боинг 737 МАХ” даст кашидааст


Вебсайти маҷаллаи мӯътабари “Форбс” хабар додааст, ки ширкати “Сомон Эйр” аз иҷораи ҳавопаймои “Боинг 737 МАХ” даст кашида ва гуфтааст, ки сабаб нобоварӣ ба ҳавопаймо ва номуаянӣ дар замони баргашти он ба парвоз аст. Дар хабари маҷалла аз рӯзи 28-уми июн омадааст, ки қарор буд, то охири имсол “Сомон Эйр” як ҳавопаймои “Боинг 737 МАХ” -ро аз ширкати Air Lease Corporation ба иҷора бигирад.

Маҷалла аз қавли Томас Ҳаллам, мудири иҷроияи “Сомон Эйр” навиштааст, “Қарори иҷора муттавақиф шуд.” Ба гуфтаи Томас Ҳаллам, тасмим дар бораи иҷораро шӯрои мудирони ширкат гирифтааст, чун “онҳо дар бораи МАХ чизҳои манфӣ мешунаванд.” Суқути ду ҳавопаймои “Боинг 737 МАХ” дар Индонезия ва Эфиопия ба далели нуқс дар як нармафзори он сабаби марги 346 нафар шуд.

Парвози ин ҳавопайморо дар саросари ҷаҳон боздоштанд ва маълум нест, ки он кай дигарбора ба фазо бармегардад. Маҷаллаи “Форбс” навиштааст, ки даст кашидани “Сомон Эйр” аз иҷора нишондиҳандаи коҳиши боварӣ ба ин ҳавопаймо аст. “Сомон Эйр” як ширкати хусусӣ ба ҳисоб меравад, вале ба навиштаи “Форбс” ба ҳукумат иртиботи наздик дорад. Ҳоло ин ширкат 6 ҳавопаймои “Боинг” дорад.

XS
SM
MD
LG