Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври нави гуфтушунид бо Толибон дар Қатар шуруъ шуд


Залмай Халилзод, намояндаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон, даври нави гуфтугӯ бо Толибонро дар Доҳа, пойтахти Қатар, оғоз кард. Вашингтон талош дорад, ҳарчи зудтар ба низои 18-сола дар ин кишвари ҷангзада поён бахшад.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа, ба хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" гуфтааст, музокирот субҳи 29-уми июн оғоз шуд. Интизор меравад, дар музокирот ба сари эҷоди як ҷадвали замонӣ барои хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон тамаркуз кунанд. Ҳамчунин, дар ин ҷаласа кафолати Толибон дар бораи анҷом надодани ҳамлаҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Залмай Халилзод то кунун бо Толибон дар Доҳа шаш даври гуфтугӯро баргузор кардааст. Нишасти Доҳа ду рӯз баъди он баргузор мешавад, ки раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Покистон рафт, то аз кумаки Исломобод барои ба сари мизи гуфтушунид овардани Толибон баҳравар шавад.

Покистон ба музокироти ҳозираи сулҳ байни Вашингтону Толибон мусоидат кардааст. Вале Толибон музокироти мустақим бо намояндагони Кобулро рад кардаанд, чун онҳоро "дастнишонда"-и Амрико меноманд.

XS
SM
MD
LG