Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти САҲА дар бораи қазияи Барот Юсуфӣ ва Ҳумайрои Бахтиёр


Ҳарлем Дезир
Ҳарлем Дезир

Ҳарлем Дезир, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот рӯзи 27-уми июн аз мақомоти Тоҷикистон хост, қарори худро дар бораи бозхондани иҷозатномаи кори хабарнигори Радиои Озодӣ Барот Юсуфӣ бозбинӣ кунанд.

Барот Юсуфӣ
Барот Юсуфӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июн "аккредитатсия"-и хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе Бароталӣ Назаров (Барот Юсуфӣ)-ро барои гузоришҳояш бозхонд ва ӯро аз ҳаққи кор маҳрум кард. Чаҳор хабарнигори дигари Радиои Озодӣ аз соли 2017 мунтазири ҳалли иҷозатномаи фаъолият мебошанд.

"Иҷозатнома набояд ба унвони як василаи назорати муҳтаво ё маҳдуд кардани ҷараёни иттилоот истифода шавад. Ман аз мақомот мехоҳам, ки эътиборномаи кори Барот Юсуфиро барқарор кунанд ва ба ҳамкорони ӯ иҷозаи фаъолият диҳанд", -- гуфт Ҳарлем Дезир дар баёянияи худ.

Чанде пеш Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз низоми додани "аккредитатсия" танқид кард ва гуфт, "набояд аккредитатсия ҳамчун василаи назорати хабарнигорон истифода шавад".

Мақомот соли 2016, баъд аз нашри матлабе дар бораи духтари президенти Тоҷикистон, иҷозатномаи кори шаш хабарнигори Радиои Озодиро гирифт ва дертар бозпас дод.

Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот дар баёнияи худ ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, гузоришҳоро дар бораи таҳдид шудани аъзои хонаводаи хабарнигори тоҷик Ҳумайрои Бахтиёр таҳқиқ кунанд.

Ҳумайрои Бахтиёр
Ҳумайрои Бахтиёр

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мегӯяд, бино ба хабарҳо, мақомот аъзои хонаводаи Ҳумайрои Бахтиёрро дар Душанбе тарс додаанд, то ба ӯ фишор биоранд, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон баргардад.

Ҳерлим Дезир гуфтааст, "ман аз хабарҳо дар бораи фишор ба оилаи Ҳумайро нигарон ҳастам. Ӯ хабарнигори шуҷоъ аст ва пайваста дар кори ниҳоди мо дар бораи амнияти занони журналист иштирок мекунад. Хабарнигорон ва аъзои хонаводаи онҳо барои анҷоми кори худ набояд зери тарсу таъқиб қарор гиранд. Ман аз ҳукумат даъват мекунам, ки ин хабарҳоро пурра таҳқиқ кунад ва амнияти Ҳумайро ва аъзои оилаи ӯро таъмин намояд."

САҲА мегӯяд, Ҳумайрои Бахтиёр соли 2016, пас аз фишорҳои мақомот кишварро тарк кардааст ва феълан дар Аврупо зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG