Пайвандҳои дастрасӣ

AIBA ба хотири Раҳимов аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд


Ғафур Раҳимов

Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи 26-уми июн дар шаҳри Лозанна Анҷумани байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA)-ро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ маҳрум кард.

Ба тасмими мазкур раҳбари AIBA интихоб шудани соҳибкори узбек Ғафур Раҳимов сабаб шудааст. Номи Раҳимов чанд сол аст, ки ҳамчун "яке аз раҳбарони гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ" дар рӯйхати таҳримшудаҳои Вазорати молияи Амрико қарор дорад.

Ненад Лалович, узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ, рӯзи 26-уми июн гуфт, "AIBA ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва саҳомони амрикоияш мушкилии зиёд, аз ҷумла мушкили молӣ эҷод кардааст."

Кумитаи байналмилалии олимпӣ AIBA-ро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ маҳрум кард, вале боксро дар барномаи Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио боқӣ гузошт.

Анҷумани байналмилалии бокс дар пайи қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ хабар дод, ки шумори аъзояш якбора поин рафт.

Муаллифи лоиҳаи ​Transborder Corruption Archive ва рӯзноманигори маъруф Анастасия Кириленко дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ қарори КБО-ро барои маҳрум кардани AIBA аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ дуруст номид.

Моҳи ноябри соли 2018 Ғафур Раҳимов президенти AIBA интихоб шуд. Интихоби вай ба ин мақом норозигии Кумитаи байналхалқии олимпиро ба бор овард. Вазорати молияи ИМА номи Раҳимовро ба далели иртиботи ӯ бо “мафияи фаромиллӣ” ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил кардааст.

Раҳимов дар замони раҳбарии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов таҳти пайгарди қонун қарор дошт. Вале баробари ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев номи ӯ аз рӯйхати ҷустуҷӯшавандаҳо берун карда шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG