Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пайи таркиши анбори аслиҳаи Қазоқистон 350 кас беномунишон шуданд


Дар шаҳри Ариси вилояти Туркистони Қазоқистон, ки 24 июн як анбори лавозимоти ҷангӣ таркид, беш аз 350 сокини маҳаллӣ беному нишон шуданд. Ба огаҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, аз ин афрод то ҳол танҳо се нафарро пайдо кардаанд.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, таркиши нахустин дар анбори аслиҳаи Арис соати 09:15 дақиқаи субҳи 24 июн рух дод. Мақомот худи он рӯз дар шаҳр ҳолати изтирорӣ эълом ва интиқоли 43 ҳазор сокини шаҳрро ба ҷои амн, аз ҷумла ба шаҳри Чимкент оғоз карданд. То ҳол 42 ҳазор одам ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд.

Дар натиҷаи таркиш ва сӯхтори анбор се нафар - ду низомӣ ва як сокини осоишта ҷон бохтанд. Мақомоти қазоқ мегӯянд, низомии дувуми ҳалокшуда 32 сол дошта, корманди шартномавии Вазорати дифои Қаозиқистон ва сокини шаҳри Чимкент аст. Ҳамчунин 165 каси дигар барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

Мақомоти қазоқ гуфтанд, хатари таркиши лавозимоти ҷангӣ ҳанӯз ҳам мавҷуд аст. Ба иттилои Вазорати дифои Қазоқистон, минтақаи аҳолинишини Арис аз анбори аслиҳа дар фосилаи 200 метр ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG