Президенти Русия Владимир Путин бо имзои як фармон муҳлати таҳримҳоеро то охири соли оянда дароз кард, ки воридоти молро аз Иттиҳоди Аврупо манъ мекунанд. Дар фармон омадааст, ки муҳлати таҳримҳо ба "нафъи амнияти Русия" дубора тамдид карда шуданд.
Ин таҳримҳоро дар Москва "чораҳои ҷавобӣ" меноманд. Онҳо соли гузашта зидди кишварҳое ҷорӣ шуданд, ки аз таҳримҳои зидди Русия барои ишғоли Қрим ҷонибдорӣ карданд. Мақомоти Русия молу маҳсулотеро, ки таҳти таҳриманд, аз фурӯшгоҳҳо мусодира карда, дар маърази ом оташ мезананд.
Тайи чаҳор соли охир даҳҳо тонна маҳсулот зери чархи трактор монданд ё оташ зада шуданд. Моҳҳои ахир пешниҳод шуд, ки шумори маҳсулоти ғизоии таҳримшуда афзоиш дода шавад.