Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Қирғизистон омӯзиши лағви дахлнопазирии Отамбоевро шуруъ кард


Додситонии кулли Қирғизистон ба баррасии масъалаи лағви дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев шуруъ кард. Дар ин бора Жаркиной Азиева, намояндаи додситонӣ хабар дод. Вай нагуфт, ки баррасии ин масъала чанд муддат тӯл мекашад.

Рӯзи 20-уми июн порлумони Қирғизистон ба додситонии кул барои бекор кардани дахлнопазирии Алмосбек Отамбоев ҳуҷҷат ирсол кард.

Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се тои онҳоро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.

XS
SM
MD
LG