Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши анбори лавозимоти ҷангӣ дар шаҳри Ариси Қазоқистон


Дар вилояти Туркистони Қазоқистон сокинони шаҳри Арисро пас аз таркиши анбори муҳимоти ҷангӣ оҷилан ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, дар анбори лавозимоти ҷангии як қисми низомӣ дар шаҳри Арис 24-уми июн, соатҳои 09:20 дақиқа сӯхтор ва таркиш ба амал омадааст.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, интиқоли сокинон ба ҷойҳои амнро оғоз кардаанд. Бино ба хабарҳо, дар шаҳри Чимкент бунгоҳи махсуси интиқоли сокинон ташкил шудааст.

Шаҳри Арис дар 150-километрии шаҳри Чимкент ҷойгир буда, дар он ҳудуди 43 ҳазор одам зиндагӣ мекунанд.

"24 июн дар яке аз анборҳои нирӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон, ки дар наздикии минтақаи аҳолинишини Арис ҷойгир аст, таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи он талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва касе ҳам осеб надидааст",-мегӯяд Вазорати дифои Қазоқистон.

Ба огаҳии вазорат, барои таҳқиқи ҳодиса комиссияи махсус ташкил ва ба маҳалли таркиш фиристода шудааст. "Сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқ мешаванд",-афзудааст вазорат.

Шоҳидони ҳодиса видеоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ки нишон медиҳад, пас аз садои таркиш дуди ғализе баланд шуда, оташ ба минтақаи аҳолинишин паҳн мешавад. Ба гуфтаи шоҳидон, дасти кам садои се таркиш шунида шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми июли соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG