Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп боздошту ихроҷи муҳоҷиронро ду ҳафта ба таъхир гузошт


Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, боздошти дастаҷамъии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ихроҷи онҳо аз кишвараш, ки қарор буд 23-юми июн оғоз шавад, ду ҳафта ба таъхир гузошта шуд.

Ба гуфтаи Трамп, ин тасмимро ба хотири дастгирии "дархости демократҳо" ва дар натиҷаи як суҳбати телефонии ӯ бо раиси Палатаи намояндагони ИМА Нэнсӣ Пелосӣ гирифтаанд. Ба ду ҳизби Конгресси ИМА то ду ҳафта муҳлат дода шудааст, ки роҳи ҳалли буҳрон дар марзҳои ҷанубии ин кишварро пайдо кунанд.

Президенти ИМА афзуд, ки агар то ду ҳафтаи оянда ҳар ду ҳизби Конгресс роҳи ҳалли буҳрон дар марзҳои кишварашро пайдо накунанд, боздошту ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ оғоз хоҳад шуд.

Маъмурияти президенти ИМА барои ба даст овардани розигии демократҳо дар робита ба сахттар кардани қоидаҳои дарёфти ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ барои муҳоҷирони Амрикои Марказӣ ва осон кардани раванди ихроҷи онҳо талош дорад. Вале демократҳо дархости маъмуриятро "ғариинсонӣ" дониста, рад мекунанд.

Ҳар ду палатаи Конгресси ИМА ҳафтаи оянда бо баргузории раъйпурсӣ масъалаи ҷудо кардани 4,5 миллиард долларро барои беҳтар кардани шароити нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар марказҳои махсус баррасӣ хоҳанд кард.

Марзбонони ИМА моҳи май дар марз бо Мексика беш аз 129 муҳоҷирро боздошт карданд, ки ҳаққи вуруд ба Амрикоро надоштанд.

XS
SM
MD
LG