Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидди додситони кулли барканоршудаи Узбекистон парванда боз шуд


Мирзиёев Муродовро дар порагирӣ айбдор кард. Як рӯз пеш хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ дод, ки Отабек Муродов 20-уми июн аз мақом барканор карда шуд. Ба ҷои ӯ, раиси пешини сенат Нигматулло Юлдошев додситони кулли Узбекистон таъйин гашт.

Президенти Узбекистон ҳамчунин гуфт, агар фаъолияти додситонии кишвараш ба ҳамин минвол идома ёбад, салоҳиятҳои онро кам хоҳанд кард. Ӯ ба додситони кулли нав шаш моҳ муҳлат додааст, ки дар мақомоти зери раҳбарияш ислоҳот гузаронад.

"Дар он сурат ҳамаи салоҳиятҳоро ба Вазорати адлия медиҳам. Мунтазир хоҳам монд, ки Юлдошев шаш моҳ баъд мегӯяд, ки чи гуна дар кори додситонӣ тағйирот гузаронда, низомро покиза гардондааст ва чи пешниҳодҳо дорад", - афзуд Мирзиёев.

Дар Узбекистон дар чор соли охир чор додситони кул иваз шуд. Зидди ҳамаи додситонҳои кулли пешин - Рашид Қодиров (2000-2015), Ихтиёр Абдуллоев ва Отабек Муродов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG