Расонаҳои Куриёи Шимолӣ рӯзи 22-юми июн гузориш доданд, ки Ким Чен Ун, раҳбари ин кишвар, аз ҷониби Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, “номаҳои хеле хуб” гирифтааст.
Ҳарчанд ҷузъиёти номаҳо ошкор намешавад, хабаргузории марказии Куриёи Шимолӣ гуфт, Ким Чен Ун аз муҳтавои онҳо “хеле розист”.
Хабаргузории марказии Куриёи Шимолӣ ҳамчунон гузориш дод, ки Ким Чен Ун аз шуҷоати Доналд Трамп ситоиш кардааст. Қасри Сафед то ҳанӯз дар бораи ин номаҳо чизе нагуфтааст.
Нахустин дидори раҳбарони Амрико ва Куриёи Шимолӣ дар моҳи июни соли гузашта дар Сингапур баргузор шуд ва дар он дар бораи халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазираи Куриё тавофуқ сурат гирифт.
Вале дар мулоқоти дувум дар моҳи феврали имсол Трамп ва Ун ба ҳеч тавофуқ даст наёфтанд.