Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 40 нафар ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон


Аз аввали моҳи июн чиҳил нафар дар ҳавзу кӯл ва дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд. Аз ин шумор беш аз бист нафари онҳо наврасони то ҳабдаҳсола ҳастанд.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 21-уми июн дар баёнияе гуфтанд, “ҷасадҳо берун оварда шуда, ба соҳибонашон супорида шудаанд.”

Ҳамин манбаъ мегӯяд, дар ин муддат имдодрасонҳо ҳаёти 12 нафарро аз марг наҷот додаанд.

Бо тафсон шудани ҳаво дар Тоҷикистон бисёриҳо, аз ҷумла наврасон худро ба кӯлу дарё мезананд, то шиддати гармиро камтар эҳсос кунанд.

Бархе аз сокинон мегӯянд, ба далели гаронии нархи паркҳои обӣ ва ё ҳавзҳои шиноварӣ таваккалӣ дар дарёҳо оббозӣ мекунанд, ки баъзан бо фалокат меанҷомад. Дар паркҳои обии пойтахти Тоҷикистон барои як нафар вобаста ба шароит аз 25 то 100 сомонӣ талаб мешавад.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар баёнияи расмӣ гуфтаанд, “сабаби ғарқшавии кӯдакон ва наврасон аслан оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, надонистани қоидаҳои оббозӣ ва бепарвоии волидон мебошад, ки кӯдаконро бе назорат мегузоранд.”

Ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёҳо ва каналу ҳавзҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд. Соли гузашта 140 нафар дар об ғарқ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG