Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон парвандаи интиқоли ҳероинро ба Аврупо таҳқиқ мекунанд


Мақомоти Қирғизистон ба таҳқиқи парвандаи қочоқи маводи мухаддире шуруъ карданд, ки дар марзи Олмон бо Лаҳистон дар ҳаҷми 670 кило аз як мошин пайдо шуд. Ба иттилои пешакӣ, ҳероине, ки аз як ширкати мустақар дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ирсол шуда буд, бояд ба Белгия мерасид.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон 20 июн хабар дод, соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари ширкати "Элит Шоко" ба бозпурсӣ даъват шудааст. Расонаҳо навиштанд, роҳбари ширкат Аида Жолдошева аст.

Пулиси Олмон 18 июн хабар дод, ки ҳероин ҳамчун шириниҳои туркӣ интиқол дода мешуд. Мақомоти Олмон гуфтанд, шаби 31 май дохили як мошини борбар дар марзи ин кишвар бо Лаҳистон ҳероин кашф карданд.

Мошини борбар рақами қайди давлатии гурҷӣ дошт. Бо гумони интиқоли маводи мухаддири ғайриқонунӣ шаҳрванди 63-солаи Туркия боздошт шудааст. Мақомоти Олмон гуфтанд, боздоштшуда даст доштанашро дар интиқоли маводи мухаддир рад мекунад.

Арзиши ҳероини кашфшуда 56 миллион долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG