Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Трамп гуфт, дар интихоботи соли 2020 номзад мешавад

Доналд Трамп

Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 18-уми июн эълон кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020-ум барои ҳифзи мақомаш талош мекунад.

Трамп худро ҳамчун “ошӯбгари сиёсӣ”-е муаррифӣ кард, ки чаҳор сол пеш идораҳои давлатии Вашингтонро такон дода, феълан “қурбонии кӯшишҳои барканор намуданаш” аз сӯи Ҳизби демократ мебошад.

Ӯ дар ҷамъомади тарафдоронаш дар шаҳри Орландои аёлати Флорида гуфт, дар интихоботи соли 2020-ум ҳам мисли интихоботи соли 2016-ум чун номзади ба истилоҳ бегона ё худ "аутсайдер" зуҳур хоҳад кард.

Президенти Амрико мавзӯъҳои асосии интихоботи соли 2016-ум, ки дар он номзади Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтонро шикаст дода буд, ба ёд овард. Вай аз ҷумла ба зарурати мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Амрико таъкид кард.

Феълан наздик ба бист довталаб аз Ҳизби демократ барои ишғоли мақоми номзади расмии ин гурӯҳи сиёсӣ дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2020-ум талош доранд. Бар пояи назархоҳиҳо онҳо дар муқоиса бо Трамп дар аёлатҳояшон аз пуштибонии бештари раъйдиҳандагон бархӯрдор мебошанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Қирғизистон барои вайронкунандагони ҳолати фавқулодда ҷарима таъйин кард

Порлумони Қирғизистон, 1 апрел,2020.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 1-уми апрел ба Кодекси ҷиноӣ, Кодекс дар бораи бадрафторӣ ва Кодекс дар бораи қонуншиканиҳо, тағйирот ворид кард. Бар асоси ин тағйирот, ҳамакнун барои вайронкунандагони тартиботи ҳолати фавқулодда ҷарима ва дигар навъи муҷозот таъйин шуд.

Ба ин тартиб, барои вайронсозии барқасдона ва ё ноогоҳонаи талаботи санитариву беҳдоштӣ, ки боиси мубталошавии дастаҷамъӣ, заҳролудшавии оммавӣ ва ё зиёни ҷиддӣ мегардад, аз 120 ҳазор сом (наздики 1,5 ҳазор доллар) то 300 ҳазор сом ҷарима ва ё аз 1,5 то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Памирбек Асанов, муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, то кунун касе барои вайрон кардани талаботи ҳолати фавқулодда ҷарима нашудааст, зеро дар қонунгузории он кишвар то ҳол чунин меъёре мавҷуд набуд.

Дар се шаҳр ва се ноҳияи калонтарини Қирғизистон сар аз 25-уми март ҳолати фавқулодда эълом шудааст. Рӯзона гардиши одамон ва нақлиёт маҳдуд ва шабона - аз соати 20:00 то 07:00 қуюди шабгардӣ эълом шудааст.

Дар Узбекистон болоравии қимати аз пеш таъйиншудаи бензину газ бекор шуд

Як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Узбекистон.

Дар Узбекистон қимати бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ то охири сол боло бурда нахоҳад шуд. Дар ин бора вазорати молияи он кишвар иттилоъ дод.

"То охири сол ҳаҷми кунунии андози аксизии машрубот, маҳсулоти алкулӣ, аз ҷумла шаробу оби ҷав, инчунин аксиз аз истифодаи бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ нигаҳ дошта мешавад",-омадааст дар хабари вазорат.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қарор буд аз 1-уми апрели соли 2020 қимати ин маҳсулот боло равад.

Бори охир дар Узбекистон қимати газ, барқ, оби гарм, инчунин нақлиёти ҷамъиятӣ, 15-уми августи соли 2019 боло рафта буд.

Дар Андиҷон бо вуҷуди карантин кӯчаҳоро барои омадани Мирзиёев тоза мекунанд

Андиҷон, Узбекистон.

Садҳо сокини шаҳри Андиҷони Узбекистон бо вуҷуди эъломи карантин аз 27-уми марти соли равон ба ин сӯ иҷборан ба ҳашари умумӣ мебароянд.

Як корманди ҳукумати вилояти Андиҷон гуфт, қарор аст, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар маросими ифтитоҳи нахустин корхона дар минтақаи озоди иқтисодии "Андиҷон-фарм" ба он вилоят сафар кунад.

Минтақаи озоди иқтисодии "Андиҷон-фарм" соли гузашта дар масоҳати 52 гектар дар ноҳияи Андиҷони Узбекистон ташкил шудааст.

Яке аз соҳибкорони наздик ба ҳукумати вилояти Андиҷон ва огаҳ аз рафти корҳо дар минтақаи озоди иқтисодии мазкур гуфт, аз ҳамаи лоиҳаҳои ваъдашуда то ҳол дар он минтақа танҳо як озмоишгоҳ бунёд шудааст.

Чанд рӯзи ахир дар кӯчаи марказии Андиҷон, ки қарор аст аз он президенти Узбекистон гузарад, корҳои тозакунӣ ва ободонӣ идома доранд.

Bloomberg: Русия истихроҷи нафтро афзоиш намедиҳад

Русия сар аз 1-уми апрел истихроҷи нафтро афзоиш нахоҳад дод. Дар ин бора Bloomberg бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Bloomber, ин тасмим дар "ҷанги нархгузорӣ" бо Арабистони Саудӣ, ишораи сулҳомез хоҳад буд.

Ҳамсуҳбатони Bloomberg гуфтаанд, Риёз истихроҷи нафтро пас аз ба ҳам задани созишномаи ОПЕК дар ибтидои моҳи март афзоиш медиҳад. Арабистони Саудӣ коҳиши истихроҷи нафтро ба хотири ҳифзи иқтисод дар пасманзари сирояти коронавирус пешниҳод карда буд. Вале Русия ин пешниҳодро рад кард. Дар натиҷа арзиши нафт то 50 дарсад поин рафт.

Як мақоми баландпояи Русия дар суҳбат бо Bloomberg изҳор доштааст, ки дар вазъияти кунунӣ афзоиши истихроҷи нафт аз сӯи кишвараш маъно надорад. Ин дар ҳолест, ки вазири энержии Русия Александр Новак пештар гуфта буд, ин кишвар истихроҷи нафтро то ба 200-300 ҳазор бушка дар як рӯз зиёд мекунад.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 3-юми март гуфта буд, Вашингтон ба хотири пешгирӣ аз поинравии нархи нафт бо Москва ва Риёз гуфтугӯ мекунад. Ӯ аллакай ин масъаларо дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва валиаҳди Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон матраҳ кард. Ба гуфтаи Трамп, ҷонибҳо барои гуфтугӯ омодаанд.

Барканории ду мансабдори қирғиз барои нокомӣ дар пешгирӣ аз коронавирус

Космосбек Чолпонбоев, собиқ вазири тандурустии Қирғизистон.

Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, муовини нахуствазири ин кишвар Олтиной Омурбекова ва вазири тандурустӣ Космосбек Чолпонбоевро аз мақомҳояшон барканор кард. Фармони барканории ин ду мақоми баландпояи қирғиз рӯзи 1-уми апрел имзо шуд.

Оқои Ҷеенбеков рӯзи 31-уми март дар як ҷаласа аз фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вазорати тандурустӣ дар умури пешгирӣ аз густариши вируси корона, интиқод кард. Ӯ афзоиши шумораи гирифторон ба ин бемориро натиҷаи талошҳои номуваффақи масъулин донист.

Тибқи иттилои расмӣ, то субҳи 1-уми апрел дар Қирғизистон 111 ҳолати гирифторӣ ба вируси нав сабт шудааст. 11 нафари ин гирифторон кӯдакон мебошанд. Бештари аз гирифторон дар ҷануби он кишвар қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон -- ҳамсоякишвари Қирғизистон, севумин ҳолати фавт бар асари коронавирус сабт шуд. Вазорати тандурустии Қазоқистон рӯзи чоршанбеи 1-уми апрел иттилоъ дод, ки дар вилояти Қарағандаи ин кишвар як нафар бар асари коронавирус ҷон бохт.

Ин севумин шаҳрванди Қазоқистон аст, ки аз коронавирус ба ҳалокат мерасад. Дирӯз як марди 50-сола дар шаҳри Нурсултон ва рӯзи 26-уми март як зани 64-сола аз вилояти Акмолин ҷон бохта буданд.

Дар Узбекистон -- кишвари дигар дар Осиёи Миёна, таҳқиқот алайҳи як вакили маҷлиси маҳаллии Қӯқанд ба иттиҳоми паҳн кардани маълумоти нодуруст дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба коронавирус оғоз шудааст.

Узбекистон рӯзи 1-уми апрел шумораи гирифторони коронавирус дар ин кишварро 173 тан эълон кард. Мақомот тандурустии Узбекистон мегӯянд, ки ду нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Дар Тоҷикистон ва Туркманистон - ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ, ҳанӯз ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ сабт нашудааст.

Муҳлати "карантин" дар Ҷумҳурии Чех то 11 апрел дароз карда шуд

Ҷавоне бо ниқоби тиббӣ дар Прага. 16-уми марти 2020

Субҳи 1-уми апрел ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифтории сокинон ба коронавирус дар Ҷумҳурии Чех ба 3330 кас расид. То ин дам дар ин кишвари аврупоӣ 32 нафар аз бемории ҳамагири КОВИД-19 ба ҳалокат расидаанд.

Сарвазири Ҷумҳурии Чех Андрей Бабиш рӯзи 30-юми март гуфт, ҳукумат "карантин"-ро то 11-уми апрел дароз кардааст.

Рӯзи 27-уми март Бабиш гуфта буд, ки интизор аст ҳукумат вазъияти фавқулодаро барои 30 рӯзи дигар дароз кунад.

Маҷлиси Намояндагон бояд ҳаргуна дароз кардани ҳолати фавқулодаро тасдиқ кунад.

Элис Уеллс аз ҳукумат хост, ба кормандони Радиои Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад

Элис Уеллс зимни сафараш ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2019

Як дипломати баландпояи Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба тамоми кормандони дафтари Радиои Озодӣ иҷоза бидиҳад, ки бе маҳдудият кор кунанд. Элис Уэллс, муовини аввали дастёри вазири умури хориҷӣ дар як баёнияе, ки сафорати Амрико дар Фейсбук рӯзи 1-уми апрел нашр кард гуфтааст, "Рӯзноманигорони далеру сарсупурдае чун кормандони хабаргузории Радиои Озодӣ иттилооти муҳиму наҷотбахш дар бораи бемории дунёгири COVID19-ро ба мардум мерасонанд. Ман аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунам, ки маҳдудиятҳои дастрасӣ ба иттилоотро лағв кунад ва бедиранг ба ҳама кормандони Радиои Озодӣ эътиборнома (аккредитатсия) диҳад".

Баёнияи дипломати амрикоӣ дар остонаи тасмимгирии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои тамдид ва ҳам додани парвонаи кор ба хабарнигорони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе нашр шуд. Қарор буд, вазорат ба дархости деринаи Радиои Озодӣ барои иҷозаи яксолаи кор додан ба 13 хабарнигор ва корманди дафтараш дар Душанбе рӯзи 1-уми апрел ҷавоб бидиҳад.

Вазорат аз моҳи майи соли гузашта аз додани парвонаҳои кории яксола ба кормандони Радиои Озодӣ худдорӣ кардааст. Мӯҳлати эътибори парвонаҳои баъзе аз кормандон сипарӣ шудааст ва ё вазорат онҳоро бозпас гирифтааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ гуфт, ки ба 4 корманди Радиои Озодӣ аз ҷумла ронандаи он иҷозаи кор додааст. Аккредитатсияи 7 корманди дигар, аз ҷумла ду раиси собиқи дафтар дар Душанбе ба гуфтаи вазорат баррасӣ мешавад.

Радиои Озодӣ ба сабаби надоштани аккредитатсияи мудирони дафтар, вазифаҳои онҳоро ба дӯши хабарнигорони дигар гузошт. Пештар аз баёнияи Элис Уэллс, муовини аввали вазири умури хориҷӣ, Ҷемӣ Флай, мудири Радиои Озодӣ низ ҳукумати Тоҷикистонро барои монеагузорӣ дар фаъолияти хабарнигоронаш дар Душанбе танқид кард.

Ӯ дар номае ба Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ гуфт, талошҳои монеагузорӣ дар замони пандемияи коронавирус ва замоне сурат мегирад, ки теъдоди корбарони Радиои Озодӣ дар ҳоли афзоиш аст ва ин нишон медиҳад, ки мардум ҳоло "беш аз ҳар вақти дигар ба дарёфти хабару гузоришҳои он ниёз доранд". Мақомоти Тоҷикистон ҳарчанд ҳамеша гуфтаанд, хостори ҳузури Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонанд, аммо таъкид кардаанд, ки бо намояндагони гуруҳ ва созмонҳои мухолифи давлат мусоҳиба анҷом дода нашавад.

Шумори қурбониёни COVID-19 дар Амрико аз 4000 нафар гузашт 

Афроди бехона дар шаҳри Лас-Вегас талош доранд, ки фосилаи байни ҳамдигариро риоя кунанд

Шумори қурбониён аз бемории ҳамагири коронавирус дар Амрико рӯзи якуми апрел аз 4000 нафар бештар шуд. Ин рақам як рӯз пас аз он эълон шуд, ки президент Доналд Трамп ба амрикоиҳо гуфт, "ду ҳафта бисёр сахт хоҳад гузашт".

Бино ба гузоришҳои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар Амрико 4079 нафар аз COVID-19, бемории роҳи нафас, фавтидаанд.

Камтар аз 190 ҳазор одам ба ин вирус олуда шудаанд.

Давлат кӯшиш дорад, дар наздикии шаҳрҳои бузург бемористонҳои муваққатӣ созад, то вазниниро ба муассисаҳои тандурустӣ сабук кунад. Чун раҳбарон пешбинӣ мекунанд, ки авзоъ дар ҳафтаҳои оянда бисёр бад хоҳад шуд.

Дар шаҳри Ню-Йорк дар як толори ҳамоишии густарда, дар Central Park ва дар ҷое, ки мусобиқаи кушоди тенниси Амрико гузаронида мешавад, беморхонаҳои саҳроӣ сохта шуданд.

Як киштии беморхонаи нирӯҳои баҳрӣ бо 1000 кат низ ба бандари Ню-Йорк расид ва интизор меравад, беморонро ба зудӣ қабул кунад.
Ин бемории ҳамагир сабаби марги беш аз 1700 нафар дар ин шаҳр шудааст.

Намояндагони соҳаи тандурустии Иёлоти Муттаҳида тахмин мезаданд, ки ҳатто агар амрикоиҳо дар хона монанд ва бо дигарон камтар муносибат дошта бошанд ҳам, шумораи мурдаҳо дар ин кишвар метавонад ба 240 ҳазор нафар расад.

Дар таркиши бомбаи сарироҳӣ дар Ҳилманд дастикам 8 нафар кушта шуд

Нирӯҳои ҳукуматӣ аз роҳе дар Гиришк убур мекунанд. Акс аз соли 2017

Рӯзи 1 апрел дар натиҷаи бархӯрди мошине ба бомбаи сарироҳӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон, дастикам 8 мулкӣ, аксар кӯдакон кушта шуданд. Умар Звак, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, бомба замоне таркид, ки автобуси хурде бо мусофирон аз роҳе дар ноҳияи Гиришк убур мекард.

Звак гуфт, ки ҳадди аққал ду нафар маҷрӯҳ шудаанд ва эҳтимоли афзоиши шумори қурбониҳо вуҷуд дорад. Тамоми қурбониҳо аъзои як хонавода буданд ва шаш нафари кушташуда кӯдак мебошанд.

То ҳол касе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст, вале дар ин минтақа ҷангиёни ҳарду гурӯҳи шӯришӣ – ҳам Толибон ва ҳам “Давлати исломӣ” фаъол ҳастанд. Дар Ҳилманд нирӯҳои давлатӣ шаш ноҳия, аз ҷумла Лашкаргоҳро назорат мекунанд, дигар 14 минтақа, аз ҷумла Гиришк зери контроли Толибон аст.

Теъдоди гирифторон ба коронавирус дар Узбекистон ба 173 тан расид

Дар Узбекистон шумораи гирифторон ба коронавирус ба 173 нафар расид. Дар ин бора Нурмат Отабеков, сартабиби беҳдоштии он кишвар рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми апрел хабар дод.

Ба ҷуз шаҳри Тошканд, гирифторони вируси корона дар вилоятҳои Фарғона, Андиҷон, Намангон, Навоӣ, Бухоро, Қашқадарё ва Хоразм табобат мешаванд.

Ба иттилои расмӣ, дар Узбекистон аз коронавирус 8 нафар шифо ёфта, 2 тан вафот кардааст.

Ҳалокати шаҳрванди севуми Қазоқистон аз коронавирус

Алмато, Қазоқистон, 27-уми марти 2020.

Вазорати тандурустии Қазоқистон рӯзи чоршанбеи 1-уми апрел иттилоъ дод, ки дар вилояти Қарағандаи ин кишвар як нафар бар асари сирояти коронавирус ҷон бохт.

Ин севумин шаҳрванди Қазоқистон аст, ки аз коронавирус ба ҳалокат мерасад. Дирӯз як марди 50-сола дар шаҳри Нурсултон ва рӯзи 26-уми март як зани 64-сола аз вилояти Акмолин ҷон бохта буданд.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қазоқистон, дар маҷмӯъ дар ин кишвар 369 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Бештари онҳо дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато сабт шудаанд.

Ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар ҳамаи минтақаҳои Қазоқистон, ба ҷуз аз вилояти Костаной, сабт шудааст. Ба иттилои вазорат, 24 бемори мубтало ба коронавирус аллакай шифо ёфтаанд.

Туркия ба мошинҳои ҳомили пахта аз Узбекистон иҷозати вуруд надод

Гузаргоҳи марзии "Сарпӣ" дар марзи Гурҷистон бо Туркия.

Беш аз 150 мошини боркаши ҳомили пахтаи Узбекистон дар гузаргоҳи марзии "Сарпӣ"-и Гурҷистону Туркия дармондаанд. Ин гурӯҳи ронандагон 30-юми март муроҷиатномаи видеоиеро ба номи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пахш карданд.

Дар сафорати Узбекистон дар Гурҷистон гуфтанд, ки ҳоло бо мақомоти Туркия гуфтугӯ доранд, то ба мошинҳои ҳомили пахтаи Узбекистон иҷозати вуруд диҳанд. "Рӯзи ҳаштум аст, ки мо дар марзи Гурҷистон бо Туркия ҳастем. Ҳар рӯз маҷбурем пули таваққуфгоҳро низ диҳем. Ба Узбекистон низ баргашта наметавонем",-гуфт яке аз ронандаҳои дармонда.

Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, марзбонони Туркия танҳо ба мошинҳои дорои рақамҳои узбекӣ иҷозати вуруд намедиҳанд. "Мошинҳои Русия, Гурҷистон ва Озарбойҷон озод вориди Туркия мешаванд. Вале ба мо мегӯянд, ки карантин аст, мумкин нест",-изҳор дошт як ронанда.

Вазорати умури хориҷӣ ва ниҳодҳои дахлдори дигари Узбекистон қазияро шарҳ намедиҳанд

Тими Толибон барои назорат аз озодкунии зиндониҳо ба Кобул рафт

Толибон дар зиндони Пули Чархии Кобул

Се узви Толибони Афғонистон ба Кобул барои назорат аз ҷараёни озодкунии Толибони зиндонӣ рафтанд. Ин бахше аз созиши сулҳи ИМА ва Толибон аст, ки моҳи феврал имзо шуд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки рӯзи 31 март як тими “фаннӣ” ба Кобул ворид шуда, ният дорад дар ҷараёни озодкунии зиндониҳо тавассути шиносоии онҳо ва ҳам дар интиқоли онҳо ёрӣ расонад. Ин аввалин бор аст, ки баъди ноябри соли 2011 аз қудрат дар Афғонистон дур карда шудани Толибон ҳайати расмии онҳо вориди Кобул мешавад.

Як мақоми аршади ҳукумати Афғонистон дар сӯҳбат бо Ройтерс гуфт, ки “онҳо ҳамин ҷо ҳастанд” ва “агар ҳама чиз аз рӯи нақша пеш равад, озодкунии зиндониҳо дар чанд рӯзи баъдӣ шурӯъ мешавад”. Нақшаи бар асоси созиши сулҳи 29 феврал мувофиқашуда ин буд, ки Толибон як ҳазор зиндонии узви нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҳукумати Афғонистон 5000 зиндонии Толибонро озод мекунанд.

Инчунин бар асоси тавофуқи ҷонибҳо, Толибон қарор аст бо ҳукумати Афғонистон вориди муколамаи мустақим шаванд.

Мақомот: Мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон сабт нашудааст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз аввали моҳи феврал то охири моҳи март 6222 шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон омаданд, ба карантин фаро гирифта шуданд. Ин вазорат рӯзи 1-уми апрел хабар дод, ки аз ин шумора 2145 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 4077 тани дигар дар беморхонаҳо дар карантин қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ ҳамзамон хабар додааст, ки то 31-уми март дар кишвар ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз ин, чораҳои пешгирикунанда тақвият бахшида шудааст. Аз ҷумла, ҳамаи парвозҳои байналмилалӣ манъ шуда, афроде, ки аз берун меоянд барои ду ҳафта ба карантин фиристода мешавад.

Коронавирус дар моҳи декабри соли гузашта дар Чин пайдо шуд. То кунун дар саросари ҷаҳон беш аз 861 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, беш аз 42 ҳазор тани дигар ҷон бохтаанд.

Украина гуфт, як шабакаи ҷосусии афсари нирӯҳои баҳрӣ ва ФСБ-и Русияро ошкор кард

Хадамоти амнияти Украина

Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки як канали ҷосусии муколамаи миёни афсари баландпояи нирӯҳои баҳрии Украина ва Хадамоти амнияти федеролиро, ки дар нимҷазираи Қрими аз ҷониби Русия ишғолшуда қарор дорад, ошкор кардааст.

Дар изҳороти рӯзи 31 марти СБУ ё Хадамоти амнияти Украина омадааст, ки ҷараёни аз дастрасӣ ба иттилои махфӣ ва аз рутбаҳои низомӣ маҳрум кардани ин афсар шурӯъ шудааст.

Дар изҳорот ҷузъиёти марбут ба ному рутба ва ҳолати кунунии ин афсар оварда намешавад.

СБУ гуфт, ки соли 2014, замони дар хидмати низомӣ дар Қрим буданаш, ки давраи аз ҷониби Русия ишғол шудани нимҷазира аст, ин афсар барои Киев савганди вафодорӣ хонда буд. Дар ин матн омадааст, ки афсар он замон дар академияи баҳрии шаҳри бандарии Севастопол ироаи кӯмак ба нирӯҳои амниятии Русияро рад кард. Вале баъди ин, ба навиштаи СБУ, бо вуҷуди ба Украина кӯчиданаш, ӯ бо афсарони ФСБ-и Русия дар тамоси доимӣ будааст.

Ин афсар, ба изҳороти СБУ, ба иттилои махсусан махфии марбут ба масоили дифоӣ дастрасӣ дошт.

СММ аз рақибони сиёсӣ дар Афғонистон хост, барои сулҳ якҷо иқдом кунанд

Ғанӣ ва Абдуллоҳ ҳар як худро барандаи интихоботи президентӣ эълон карданд ва ин даъвоҳо боиси эҷоди бӯҳрони нави сиёсӣ шудааст

Шӯрои амнияти СММ аз рақибони сиёсӣ дар Афғонистон хост, ки ба хотири ниҳоӣ кардани муколама бо Толибон ҳамроҳ иқдом кунанд. Ингрид Ҳайден, муовини дабири кулли СММ ва намояндаи вижа дар Афғонистон рӯзи 31 март гуфт, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва рақиби сиёсии ӯ Абдулло Абдулло бояд аз ин фурсати таърихии кишвар истифода кунанд.

Ингрид Ҳайден гуфт: “Зоҳиран Афғонистон ба як лаҳзаи ҳалкунанда наздик мешавад. Тахминан ду даҳсола баъди мудохилаи нирӯҳои эътилофӣ (ба раҳбарии ИМА), суоли ин Ҷумҳурии Исломӣ чунин аст: оё раҳбарони он қодир ба пешбурди муколамаи бомазмун бо Толибон ба хотири дастёбӣ ба сулҳи бардавом ҳастанд?”

Ӯ афзуд, ки дар шароити таҳдиди коронавирус ба сиҳҳатии аҳолии Афғонистон пойдории сохторҳои ин кишвар ҳам таҳти хатар қарор мегирад.

Фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод рӯзи 29 феврал дар Давҳа бо Толибон созиши сулҳ имзо кард ва бо умеди ин ки баъди 19 соли ҷанг дар Афғонистон сулҳ пойдор мешавад, Пентагон ба хуруҷи нирӯҳояш шурӯъ кард.

Вале мубориза барои қудрат дар миёни Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдулло, раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон метавонад ҷараёни сулҳро ба ҳам занад. Ҳарду рақиб худро барандаи интихоботи сентябри порсол эълон карданд, вале натиҷаҳои расмӣ Ғаниро пирӯз медонад.

Ба собиқадорони ҷанг дар Узбекистон як ҳазордолларӣ медиҳанд

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон бо собиқадорон ҷанг. Акс аз бойгонӣ.

Дар Узбекистон ба ҷанговарон ва маъюбони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон 10 миллион сӯмӣ (1 ҳазордолларӣ) медиҳанд. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 30-юми март дар ин бора қарор имзо кард.

Қарори мазкур "бо ҳадафи кумаки молӣ ба ҷанговарон ва маъюбони ҷанг дар робита ба таҷлили 75-солагии пирӯзӣ бар фашизм" қабул шудааст.

Ба вазорату ниҳодҳо ва мақомоти маҳаллӣ дастур шудааст, ки кӯмакпулиҳоро ба ҷанговарон расонанд.

Соли гузашта дар Узбекистон ба ин афрод наздики 750-долларӣ тақдим карда буданд. Дар соли 2018 ин навъи кумакпулӣ қариб 500 доллар ва дар соли 2017 ҳудуди 200 долларро ташкил медод. Бино бар омори ахир, дар Узбекистон 878 собиқадори Ҷанги Дувуми Ҷаҳон зиндагӣ мекунад.

Аз 6,5 миллион аҳолии Узбекистон дар замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон, 1,5 миллион ба ҷабҳа рафта буд, ки 420 ҳазор барнагашт ва 640 ҳазори дигар маъюб шуд.

Дар Туркманистон ба забон овардани "коронавирус" манъ шуд

Шаҳри Ишқобод, 20 март, 2020.

Мақомоти Туркманистон истифодаи калимаи "коронавирусро"-ро манъ карданд. Ин ибора на танҳо дар расонаҳои давлатӣ, балки дар варақаҳои иттилоотие ҳам истифода намешавад, ки дар мактабҳову беморхонаҳо тақсим мекунанд. Дар ин бора сомонаи мустақили Turkmenistan Chronicle иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи сокинон, гуфтугӯ дар кӯча дар атрофи коронавирус метавонад, бо боздошт хатм шавад. Ба ҷуз ин, кормандони мақомот дар либоси мулкӣ миёни мардум мегарданд ва ба гуфтугӯи онҳо гӯш медиҳанд.

Ба иттилои расмӣ, дар Туркманистон - яке аз пӯшидатарин кишварҳои худкомаи дунё - ҳеҷ ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Аммо дар он кишвар тадбирҳои пешгирӣ аз густариши коронавирус амалӣ мешавад. Ин тадбирҳо ба кишварҳое монанд аст, ки коронавирус дар онҷо роҳ ёфтааст.

Ба иттилои расонаҳо, дар Туркманистон мағозаҳо, марказҳои хизматрасонӣ баста мешаванд ва ба таври дастаҷамъӣ ҳарорати сокинонро месанҷанд. Таътили баҳорӣ дар мактабҳо тамдид шудааст.

Тоқаев тадбирҳо барои дастгирии шаҳрвандону тиҷоратро номбар кард

Қосимҷомарт Токаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 31-уми март дар як паёми видеоияш тавассути телевизионҳои давлатӣ як қатор тадбирҳоеро ном гирифт, ки ба гуфтаи ӯ, ба "дастгирии шаҳрвандону тиҷорат дар ин кишвар равона шудаанд".

Аз ҷумла, Тоқаев гуфт, нафақа ва кӯмакпулиҳо индексатсия ё худ то ба 10 дарсади солона боло бурда мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Қазоқистон барои ин 200 миллиард танга (ҳудуди 444 миллион доллар) ҷудо мекунад.

Ин тадбирҳо дар пасманзари поинравии арзиши тангаи қазоқӣ эълом шуданд. Танга дар давоми се ҳафтаи ахир дар баробари доллари амрикоӣ 18 дарсад беқурб шудааст.

Тоқаев афзуд, кумакпулӣ дар ҳаҷми маоши ҳадди ақал (ҳудуди 90 доллар)-ро дар баробари кормандони расмӣ онҳое низ дарёфт хоҳанд кард, ки расман бекор ба қайд гирифта шуда буданд. Ҳукумати Қазоқистон ба шахсоне низ кумак ваъда медиҳад, ки ба иллати коронавирус ва эъломи карантин даромади худро аз даст додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, маъюбони гуруҳҳои 1, 2 ва онҳое, ки расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, ройгон маҳсулоти ғизоӣ дарёфт хоҳанд кард. Ҳамчунин ҳамаи қазоқистониҳо новобаста аз он ки бимаи ҳатмии тиббӣ доранд, ё не, то 1-уми июли соли равон кӯмаки тиббӣ дарёфт мекунанд.

Президенти Қазоқистон илова кард, тиҷоратҳои хурду бузург дар бахшҳои иқтисоди ин кишвар, ки бештар осеб дидаанд, аз 1 апрел то 1 октябри соли равон аз пардохти андозу бунёди нафақа озод карда мешаванд. Ба ин бахшҳо маконҳои ғизои умум, хизматрасониҳои нақлиётӣ, машваратӣ, меҳмонхонаҳо ва сайёҳӣ шомил мешаванд.

Дар Қазоқистон то 31-уми марти соли равон 343 кас ба коронавирус мубтало шуда, ду кас аз он ҷон бохтааст.

Шоҳзодаи Бритониё хонаводаи шоҳро тарк кард

Шоҳзодаи Бритониё Гаррӣ ва ҳамсараш Меган Маркл 31-юми март аз салоҳиятҳои аъзои хонаводаи подшоҳӣ расман даст кашиданд.

Яке аз расмиёти охирин хайрухуши онҳо бо мухлисонашон дар саҳифаи "Sussex Royal" ва Instagram буд. Гаррӣ ва Маркл дигар ҳақ надоранд, аз ин саҳифа истифода кунанд.

Гаррӣ ва Маркл ҳамчунин вазифадор шуданд, 2,4 миллион фунтеро баргардонанд, ки дар таъмири қасрашон сарф шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир ин ҷуфт ҳамроҳи писарашон Арчӣ дар шаҳри Лос-Анҷелес. зиндагӣ мекунанд.

Шоҳзода Гаррӣ ва ҳунарманди амрикоӣ Меган Маркл 19-уми майи соли 2018 издивоҷ карданд. Ин дувумин издивоҷи Меган Маркл аст. Онҳо 6-уми майи соли 2019 соҳиби писар шуданд.

Думаи Русия ба сарвазир Мишустин ҳаққи эълони вазъи фавқулодаро дод

Вакилони Думаи Русия 31 март тарҳи наверо қабул карданд, ки бар пояи он сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин ҳуқуқ дорад, дар саросари Русия вазъи фавқулода эълон кунад.

Қонуни нав дар ҳоле тасвиб мешавад, ки шумораи гирифторони коронавирус дар Русия дар як шабонарӯз 27 дарсад боло рафт ва аз 500 ба 2337 нафар расид.

Бино бар қонуни нав барои онҳое, ки “дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ“ огоҳона ”иттилооти бардурӯғ паҳн мекунанд, панҷ соли зиндонва барои онҳзое, ки қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ, ба монанди карантинро намепазиранд, то ҳафт соли зиндон ҷазо муқаррар кард.

Гурӯҳи кории федералии зиддикоронавирусии Русия рӯзи 31 март гуфт, ки шумораи фавтидагон дар як шаб ҳашт нафарро ташкил дода, шумораи умуми онҳо ба 17 нафар расид. Мунаққидон ва ҳатто шаҳрвандони одӣ ба дурустии рақамҳои расмӣ шубҳа доранд ва шеваи санҷишҳоро қаноатбахш намешуморанд.

Ҳукумати Қирғизистон нақшаи кумак ба соҳибкоронро тасдиқ кард

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон нақшаи кумак ба соҳибкорони кишварашро тасдиқ кард. Дар ин бора аз маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар доданд.

Дар нақшаи тасдиқшуда чанд сабукӣ, аз ҷумла тамдиди муҳлати пардохти андоз пешбинӣ шудааст. Дар нақша ҳамчунин омадааст, ки соҳибкорон барои напардохтани андоз то 1 июл ҳеч гуна муҷозот нахоҳанд шуд.

Ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод шудааст, сар аз 1 апрел барои 3 моҳ аз иҷорашинони биноҳои давлатӣ ҳаққи иҷора талаб накунанд. Инчунин тавсия шудааст, ки давоми 3 моҳ неруи барқ, об, газ, хизматрасонии телефон ва Интернети соҳибкорон қатъ нашавад.

Дар се шаҳр ва се ноҳияи калони Қирғизистон сар аз 25 март ҳолати фавқулода эълом шудааст. Рӯзона ҳаракати одамон ва нақлиёт маҳдуд ва аз соати 20:00 то 07:00 қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст.

То 31 март дар он кишвар 107 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.

Порлумони Украина қонуни фурӯши заминро қабул кард

Шаби душанбе ба сешанбеи 30 март порлумони Украина дар як ҷаласаи махсус қонун дар бораи фурӯши заминро қабул кард.

Ҷаласа қариб 12 соат давом ва нисфишабӣ ба поён расид. Ҷаласа бо баҳсу ҷанҷол хатм шуд. Ҷиноҳи “Платформаи мухолиф – Барои ҳаёт”, ки зидди қабули қонун буд, талоши барҳам задани кори порлумонро кард ва президенти Украина Владимир Зеленский маҷбур шуд, ду маротиба ба порлумон ояд ва вакилонро барои раъйи мусбат додан ташвиқ кунад.

Дар ниҳоят қонун бо 259 раъйи ҷонибдор қабул шуд.

Қонуни қабулшуда бозори заминро аз 1 июли соли 2021 таъсис медиҳад. То соли 2024 танҳо шахсони воқеӣ ҳаққи харидани заминро доранд, он ҳам на бештар аз 100 га. Баъд аз соли 2024 фурӯши замин то 10 ҳазор га ба роҳ монда шуда, шахсони ҳуқуқӣ ҳам ҳаққи хариди заминро соҳиб мешаванд.

Дар ҳамин ҳол азхудсозии заминҳои давлатӣ манъ мешавад ва хориҷиҳо танҳо дар сурате ба хариди замин ҳақ пайдо мекунанд, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ аксари сокинон ризоият диҳанд. Раъйпурсии умумӣ баъдтар баргузор хоҳад шуд. Дар ҳар сурат ширкатҳои офшорӣ, шахсони ҳуқуқии марбут ба шаҳрвандони Русия аз ҳаққи хариди заминҳои Украина маҳрум мешаванд.

Қонун дар бораи фурӯши замин яке аз ваъдаҳои интихоботии президент Владимир Зеленский аст.

Пештар аз ин гуфта мешуд, ки дар сурати қабули ин қонун созмонҳои молии аврупоӣ ба Украина 10 миллиард доллар қарз ҷудо хоҳанд кард.

Русия аз ихтирои абзори нави ташхиси вируси нав хабар дод

Донишкадаи марказии илмиву пажуҳишии эпидемиологии Русия дастгоҳ ё василаи ташхиси дақиқи вируси коронаро сохтааст.

Ин ташхис аз санҷиш гузашта, барои истифода дар ҳудуди Русия сабт шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуотии Роспотребнадзор хабар дод. Усули ташхиси нав номи "АмплиСенс Cov-Bat-FL"-ро гирифтааст.

Бино ба иттилои ситоди фаврии назорати вазъи вируси корона, дар 71 минтақаи Русия то санаи 30 март 1836 ҳолати гирифторӣ ба ин вирус сабт шудааст. 11 кас фавтидааст. Бештари гирифторон ба шаҳри Москва рост меояд. Дар ин шаҳр 1200 ҳолати гирифторӣ ва 7 ҳолати марг сабт шудааст.

Беморон дар Узбекистон пеш аз бистарӣ шудан бояд табибро ба хона даъват кунанд

Нурмат Отабеков, мудири муассисаи давлатии санитариву эпидемиологии Узбекистон шарҳ дод, ки дар шароити маҳдуд будани ҳаракати нақлиёт беморон чи гуна метавонанд то бемористон расанд.

Отабеков гуфт, роҳи ягонаи бистарӣ шудан дар бемористон – даъвати табибон ба манзил аст. “Агар шумо табибонро ба манзил даъват кунед, дар ҳолати зарурат шуморо ба бемористон интиқол медиҳанд”, - гуфт вай.

Отабеков ҳамзамон афзуд, дорухонаҳо сокинони навоҳӣ ва деҳотро бо дору таъмин мекунанд.

Ин масъули муассисаи давлатии санитариву эпидемиологии Узбекистон гуфт, афроде, ки мехоҳанд, дар мубориза ба зидди вируси корона ба ҳайси табиб саҳм гузоранд, бояд дар рӯйхати табибони эҳтиётӣ сабти ном шаванд. Вай гуфт, ҳар 14 рӯз табибон иваз мешаванд ва ба табибони нав эҳтиёҷ пайдо мегардад.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон 158 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG