Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари президенти Туркманистон раиси вилоят шуд


Сардор Бердимуҳаммадов.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писари худ Сардор Бердимуҳаммадовро раиси вилояти Ахал (Ишқободи пешин) таъйин кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии Туркманистон иттилоъ дод.

Вилояти Ахал пас аз ҷудо шудани пойтахти Туркманистон ба минтақаи алоҳидаи маъмурӣ таъсис ёфт. Бердимуҳаммадови хурдӣ аз моҳи январи соли равон муовини раиси ин вилоят буд.

Сардор Бердимуҳаммадов моҳи марти соли 2018 муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон таъйин шуда буд. Ҳамзамон вай дар интихоботи 25-уми марти соли гузашта бо касби 91,42 дарсади раъйи мардум аз ҳавзаи Душаки вилояти Ахал вакили порлумон интихоб гашт.

Фаъолиятҳои сиёсии писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз охири соли 2016 шуруъ шуд. Вай он замон дар интихоботи миёндавраии порлумонӣ ба порлумон роҳ ёфт. Аз он замон ба баъд Сардор Бердимуҳаммадов дар арсаи сиёсиву ҷамъиятӣ фаъол шуд.

Соли 2017 вай чанд сафари хориҷӣ анҷом дода, бо мақомҳои баландпояи кишварҳои хориҷ мулоқот кард. Сардор Бердимуҳаммадов ҳамзамон дар чанд чорабинии оммавӣ ҳамроҳи падараш ҳозир шуд.

Дар расонаҳои расмӣ писари президенти Туркманистонро "писари мардум" унвон мекунанд ва ҳозиршавиашро дар мазҳари ом ҳамроҳи падар "рамзи насли меросбар" медонанд.

Дар вилояте, ки ҳоло раҳбарии он бар зиммаи Сардор Бердимуҳаммадов вогузор шуд, беш аз 900 ҳазор нафар ё 14%-и аҳолии Туркманистон зиндагӣ мекунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Садамаи автобус ҳаёти 15 муҳоҷирро аз байн бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00
XS
SM
MD
LG