Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили дифои Гулнора дубора ба Узбекистон баргашт


Грегуар Манжа, вакили дифои швейтсарии духтари калонии президенти нахустини Узбекистон Гулнора Каримова 15-уми июн хабар дод, ки дубора ба Узбекистон бармегардад.

"Ҳафтаи оянда ба зиндони Зангиотаи Тошканд баргашта, барои хотима бахшидан ба ҳабси худсаронаи Гулнора Каримова ва дастрасии мунтазами ӯ ба ёрии тиббӣ талош хоҳам кард. Ин вазъ, ки барои Узбекистон ҳам шармовар аст, набояд дигар идома ёбад",-навишт Грегуар Манжа 15-уми июн дар "Твиттер".

Грегуар Манжа 2-юми июн низ хабар дода буд, ки дар зиндони Зангиота аст. Вай баъди берун шудан аз зиндон гуфта буд, ки нафари таҳти ҳимояташ зери фишори равонии доимӣ қарор дорад. "Ӯро табобат намекунанд. Баъди охирин дидори мо Каримоваро фавран аз табобатгоҳи зиндон берун бурданд",-навишт ӯ дар "Твиттер".

Ахиран духтари Гулнора Каримова -- Имон Каримоваи 21-сола бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва додситонии кулли ин кишвар дар шабакаи иҷтимоии "Instagram" гуфт, сардори зиндон ба модараш Гулнора Каримова фишор меорад. "Сардори зиндон ба раҳбарии кормандони Додситонии кулли Узбекистон бо номи Илёс Султонович ва Анваров У. дастур медиҳад, ки ба модарам фишори ҷисмонӣ ва равонӣ диҳанд",-афзудааст ӯ.

Вале ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дар бораи фишори равонӣ ба духтари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро рад кард. "Вазъи сиҳатии вай муътадил аст, ҳангоми зарурат ёрии тиббӣ дарёфт мекунад",-гуфт додситонӣ

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18-уми декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1-уми июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд. Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG