Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти роҳбари пешини хадамоти махсуси Узбекистон расман тасдиқ шуд


Ихтиёр Абдуллоев.

Додситонии кулли Узбекистон боздошт ва ҳабси раиси пешини Хадамоти давлатии амнияти он кишвар Ихтиёр Абдуллоевро расман тасдиқ кард.

"Парвандаи ҷиноӣ бо айбҳои сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва порагирӣ нисбати роҳбарони пешини Хадамоти амнияти давлатӣ И. Абдуллоев ва Ж. Эгамов (муовини пешини раиси Хадамот) ва инчунин нисбати 10 каси дигар боз шудааст. Тафтишот идома дорад",-омадааст дар хабари Додситонии кулли Узбекистон.

Додситонӣ мегӯяд, ба далели он ки дар парванда чанд мансабдори баландпоя ширкат мекунанд, ҷузъиёти тафтишот ошкор намешавад.

Чаҳор моҳ пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки Ихтиёр Абдуллоеви 53-сола 11-уми феврали соли ҷорӣ боздошт шудааст.

Абдуллоев 31-уми январи соли 2018 раиси Хадамоти амнияти давлатӣ таъйин шуд. Вай аз соли 2015 ба ҳайси додситони кулли Узбекистон ва аз соли 2009 мушовири давлатии президент фаъолият мекард.

Гузоришҳои видеоӣ

Садамаи автобус ҳаёти 15 муҳоҷирро аз байн бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00
XS
SM
MD
LG