Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати президент Раҳмон ба пуштибонии иқтисодии Афғонистон


Президенти Тоҷикистон “ҳар чи зудтар ба эътидол овардани вазъи Афғонистонро яке аз омилҳои аслии субот ва тақвияти амният дар минтақа” унвон кард. Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баён кард, ки рӯзи 14 июн дар шаҳри Бишкек шурӯъ ба кор кард. Дар ин ҷаласа сарони кишварҳои узви ин созмони сиёсиву амниятӣ, аз ҷумла, президентони Русия, Чин, Қазоқистону Узбекистон, Беларус, Покистону Ҳинд ва инчунин раҳбарони кишварҳои нозири мисли Эрон ҳам ширкат мекунанд. Мизбони нишаст – президенти Қирғизистон аст. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ гуфт, ки аъзои СҲШ бояд кӯмакҳои худро дар амри рушди иқтисодии Афғонистон дареғ надоранд. Ӯ гуфт, Тоҷикистон “талошҳои ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳониро дар амри мусолеҳаи миллии зери назари худи афғонҳо пуштибонӣ мекунад”.

Тоҷикистону Афғонистон тақрибан 1400 км марзи муштарак доранд. Мушкилоти мисли хатари тавсеаи фаромарзии терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амниятӣ аз он нигарониҳоест, ки Душанбе ва дигар ҳамсояҳои онро дар ташвиш гузоштааст. Дар пасманзари ин нигарониҳо чандин моҳи охир ҷараёни музокироти сулҳ бо гурӯҳи аслии шӯришии Толибони Афғонистон дар ду самти ҷудогона идома дорад: аз сӯе ба раҳбарии дипломати амрикоӣ Залмаи Халилзод ва қароргоҳи Толибон дар Қатар ва аз сӯи дигар – бо ризоияти Русия, ки дар шаҳри Маскав ҷараён мегирад. Ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ аз даъват нашудани намояндагони расмии ин кишвар дар музокирот бо Толибони Қатар изҳори норизоият карда гуфтааст, ки ҷараёни сулҳ бояд бо ширкати худи мақомоти Афғонистон сурат гирад. Вале Толибон гуфтаанд, ки ҳукумати расмиро эътироф намекунанд.

Қабл аз ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ дар мулоқот бо Ашраф Ғанӣ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон дар "барқароршавии сулҳу субот дар Афғонистон ҳамчун омили таъмини амнияти тамоми минтақа ҳавасманд" мебошад.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG