Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз гузориши "Озодӣ" дар дорухонаҳои Ишқобод дубора инсулин пайдо шуд


Дар дорухонаҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон доруи инсулин барои беморони қанд дубора дастрас шуд. Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод 10-уми июн хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир доруи инсулинро метавон аз дорухонаҳои пойтахт ба андозаи дилхоҳ дарёфт кард.

"Имрӯз як шиноси ман барои хоҳари бемораш доруи инсулин харид. Онро бидуни мушкил дарёфт кард. Табиб се дона навишта буд дар дорухона ҳамон се донаро доданд",-афзуд хабарнигор.

Тайи чанд ҳафтаи ахир дар Туркманистон доруи инсулин камчин шуда буд. Ин доруи барои беморони қанд ҳаётӣ дар дорухонаҳои хусусии Туркманистон пайдо намешавад ва дар дорухонаҳои давлатӣ барои хариди инсулин навбатпоиҳои тӯлонӣ дида мешуд. Ҳамчунин онро бо дорухати табиб ва ба миқдори маҳдуд мефурӯхтанд.

Сокинони Туркманистон бештар аз як сол аст, ки бо камбуди дору рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар баробари камчинӣ инчунин қимати доруҳо боло меравад ва мақомот монеи ворид кардани дору аз хориҷ мешаванд.​

XS
SM
MD
LG