Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев ба Тоқаев пирӯзиаш дар интихоботро табрик гуфт


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон Қосимҷомарт Тоқаевро бо пирӯзиаш дар интихоботи президентии рӯзи 9-уми июни Қазоқистон табрик кард. "Сафари давлатии президенти Қазоқистон ба Узбекистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба набзи нав бахшид", - омадааст дар табрикоти Мирзиёев.

Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон натиҷаҳои аввалияи назарпурсии рӯзи якшанберо эълом кард. Ин нахустин интихоботе буд, ки дар он Нурсултон Назарбоев ширкат накард. Назарбоев баъди қариб 30 соли роҳбарии бетанаффус баҳои имсол истеъфо дод.

Ба иттилои расмӣ, Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон 70,76 дарсади раъйи иштирокдорони интихоботро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, дар интихобот 77,4 дарсади соҳибони ҳаққи раъй ширкат кардаанд.

Дар Қазоқистон роҳбари давлат барои 5 сол интихоб мешавад. Интихобот сарфи назар аз шумори интихобкунандагон баргузор шуда эълом ва номзаде, ки бештар аз 50 дарсад раъй мегирад, пирӯз дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG