Дар Маскав шаби 9 ба 10 июн шахси номаълуме ба бинои воқеъ дар кӯчаи Берсеневская набережная дар шаҳри Маскав ворид шуда, тамоми компютеру дастгоҳҳои марбут ба идораи расонаи «Сноб»-ро шикаст. Ҳамлаи шахси ношинос инчунин дар утоқи ҳамсоя бо бахши хабарии «Сноб» сабт шудааст. Як манбаъ ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ки полис таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ кардааст.
Сардабири «Сноб» Ксения Чудинова дар телеграм-канали идора гуфтааст, ки ба идораи нашрия сабабҳои ин ҳамла маълум нест. Худи журналистон бо сабаби дар дохили идора кор кардани муфаттишон ба идора ворид шуда наметавонанд ва феълан гуфта намешавад, ки ҳаҷми хисороти воридшуда чӣ қадар аст.
Дар вебсайти нашрия гуфта шудааст, ки ба дохили идораи нашрия як мард ворид шуд ва дари шишаиро шикаст. Инчунин ҳамлагар «махсусан компютер ва мониторҳои iMac-ро хароб кард”. Дафтраи кории дуюме, ки дар ин ҳамла осеб дид, ба як “ширкати бегона мансуб аст”.
Ксения Чудинова гуфт, қарор шуд, ки дар ин шароит як қисми журналистони “Сноб” ба таври мувақаттӣ дар дафтари кории идораи телевизионии "Дождь" корро идома диҳанд.
"Сноб" як вебсайти хабарию таҳлилии мустақил аст, ки дар бораи ҳаводиси Русия аз дидгоҳи интиқодӣ менависад.