Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Қосимҷомарт Тоқаев


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Қосимҷомарт Тоқаевро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентии Қазоқистон, табрик гуфтааст. Тибқи назарсанҷиҳо, Қосимҷомарт Тоқаев дар ин интихобот аз ҳамаи номзадҳо раъйи бештар ба даст овардааст. Комиссияи интихоботии Қазоқистон то ба ҳол натиҷаҳои расмиро эълон накардааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати телефонӣ бо Қосимҷомарт Тоқаев, роҷеъ ба муносибатҳои ин ду кишвари шарики стратегӣ, низ сӯҳбат кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев масъалаҳои саммити қарибулвуқӯи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки қарор аст авохири ҳафтаи ҷорӣ дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ намуданд.

Хабари гуфтугӯи телефонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Қосимҷомарт Тоқаев дар сайти расмии президенти Тоҷикистон ва хабаргузории давлатии "Ховар" нашр шуд ва баъдан ин ду ниҳод онро аз саҳифаҳои худ бардоштанд. Манобеъ дар дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон инро ба "то ҳол расман эълон нашудани натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳури Қазоқистон", рабт доданд.

Тибқи назарсанҷии ду маркази ҷомеашиносии Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи президентии 9-уми июн тақрибан 70 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.

Дания Еспаева, нахустин зани номзад ба мақоми президентии Қазоқистон ва вакили порлумони ин кишвар аз Ҳизби "Оқ жол" 5 дарсади раъйи мардуми кишварашро соҳиб шудааст. Номзадҳои дигар аз як то чаҳор дарсадӣ овоз гирифтаанд.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, рӯзи интихобот дар ду шаҳри бузурги ин кишвар ҳудуди 500 кас боздошт шуданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG