Гурӯҳе аз фаъолон дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 5-уми июн ҷунбиши "Бедории Қазоқистон"-ро таъсис доданд. Онҳо даъват карданд, ки низоми интихоботӣ ва қонунгузории ин кишвар ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонда шавад.
Сиёсатмадор Димаш Алжанов ҳангоми муаррифии эъломия гуфт, он барои кумак ба ташаккули ниҳодҳои демократӣ ва ҷумҳурии демократии порлумонӣ равона шудааст.
"Мо дарк мекунем, ки рушди ояндаи кишвари мо ва имкони ишитирок дар равандҳои сиёсӣ аз гузаштан ба модели нави идорӣ - идораи порлумонӣ вобаста аст", - гуфт вай.
Муассисони ҳаракат гуфтанд, вобастаи ҳеч ҳизби сиёсӣ нестанд ва ҳеч созмони хориҷие ҳам ба онҳо кумаки молӣ намерасонад. Ба гуфтаи муассисон, аъзои ҳаракат дар ҳоли афзоиш аст ва намояндагони онҳо дар ҳамаи минтақаҳои Қазоқистон ҳузур доранд.
Қатъи таъқибҳои сиёсӣ, ҳисоботдиҳанда будани пулис дар назди ҷомеа, таъмини мустақилии додгоҳҳо ва даст кашидан аз таҷрибаи таъйини додрасҳо аз сӯи президент аз принсипҳои эъломия унвон шудаанд.
Таъсиси ҳаракат дар ҳолест, ки 9-уми июн дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир мегардад.