Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи маргбор. Ҳалокати се ҷавон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари садамаи худраве дар роҳи Душанбе-Хуҷанд се нафар ҷон бохтаанд. Ҳодиса шаби 30-юми май дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, ки бахше аз роҳи Душанбе-Хуҷанд аст, иттифоқ афтодааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн дар хабарномае гуфт, Фаррух Додоев, сокини 31-солаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд “аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад”, ба мошини тамғаи “Тойота Прадо” бархӯрдааст. Ронандаи ин мошин дар навбати худ ба як мошини боркашон задааст.

“Дар натиҷа, ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” Фаррух Додоев ҷароҳати вазнин бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расид. Ҳамчунин мусофирони дигари мошини мазкур, Азизҷон Ҷалолов ва Насим Ҳакимов дар беморхона ҷон доданд”, -- гуфта шудааст дар хабарномаи Вазорати умури дохилӣ.

Мақомот мегӯянд, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Прадо” бо се мусофираш маҷруҳ шуда, дар шифохона бистарианд. Таҳқиқот дар ин замина идома дорад. То ҳол наздикони ҳалокшудаҳо ваё осебдидагон дар бораи ҳодиса чизе нагуфтаанд.

Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Аксари ин садамаҳо, ба гуфтаи мақомот, аз беэҳтиётӣ сар задаанд.

Дар оғози майи имсол вакили порлумони Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода барои пешгирӣ аз садамаҳои маргбор пешниҳод кард, ки ҷаримаи ронандаҳоро боло баранд. Вале сокинон мегӯянд, баъзе ронандагон интихобӣ муҷозот мешаванд ва ба ҳамин хотири ҳамагуна қонун нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро кам нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG