Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корпартоии гӯштфурӯшону қассобҳо дар Қирғизистон


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон қассобҳои маҳаллӣ назди бинои ҳукумат ҷамъ омада, талаби мулоқот бо раиси шаҳрро доранд. Сабаби ин гирдиҳамоӣ - талабҳои сахти мақомот аз фаъолияти онҳост.

Ба гуфтаи ҷамъомадагон, нозироти давлатии бойторӣ дар шаҳри Ӯш фармони бастани қассобхонаҳоро додааст.

Ба ҷуз ин, воридоти гӯшт аз вилоят ба шаҳр манъ шудааст.

Мақомоти давлатӣ гуфтанд, ки талабот ба сифати гӯшт бо ҳадафи назорати ин маҳсулот сахттар шудааст ва қассобхонаҳое баста шудаанд, ки бо талаботи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мувофиқ нестанд.

Дуконҳои гӯшт рӯзи 28-уми май дар шаҳри Ӯш баста шуданд. Гуфта мешавад, дар корпартоии қассобҳову гӯштфурӯшон то 250 одам ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG