Дар Ҷопон як шахси ношинос бо корд ба одамоне ҳамла кард, ки дар истгоҳи автобус истода буданд. Ин ҳодиса дар шаҳри Кавасаки наздикии Токио рух дод.
Дар ҳодисаи мазкур 15 нафар, аз ҷумла 13 хонандаи мактаб маҷруҳ шуда, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд. Ҳодиса субҳи 28-уми май рух дод.
Пулис ҳамлагарро боздошт кард. Марди ношиноси 40-50-сола худро бо корд захмӣ кард ва дар бемористон фавтид.
Ба иттилои расонаҳо, дар ҷои ҳодиса ду корд пайдо шуд. Шахсият ва ҳадафи ҳамлагар то кунун мушаххас нашудааст.
Дар Ҷопон дар соли 2016 дар бемористони равонӣ як коргар 19 одамро бо корд кушта буд. Вай гуфт, мехоҳад, одамони имконияташон маҳдуд вуҷуд надошта бошанд.