Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси «меҳмони ифтихорӣ» дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё иштрок мекунад, ки қарор аст рӯзҳои 28 ва 29 май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон баргузор шавад. Ҷаласа бо ширкати президентони кишварҳои узв ба муносибати панҷсолагии имзои созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад.
Кремлин хабар дод, ки дар ин нишаст президенти Русия Владимир Путин иштирок мекунад ва раҳбарони дигар, аз ҷумла, президентони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва нахуствазири Арманистон ҳам омодагии худро барои сафар ба Қазоқистон тасдиқ карданд.
Ба унвони кишвари нозири ин ҳамоиш президенти Молдова Игор Додон ҳам ба шаҳри Нурсултон даъват шудааст. Нахустин бор дар ин нишаст президенти муваққатии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ширкат мекунад, ки моҳи март баъди истеъфои Нурсултон Назарбоев сари кор омад.
Дар ин ҷаласа натиҷаҳои кори ин созмон дар панҷ соли гузашта баррасӣ шуда, бахшҳои аслии ҳамкорӣ дар панҷсолаи оянда, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорат, иқтисод, саноат, молиёт ва сиёсати иҷтимоӣ муҳокима хоҳад шуд. Раҳбарони ин кишварҳо ҳамчунин мавқеи худро ба таҳаввулоти байналмилалӣ баён мекунанд.
Созмони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки соли 2014 бо ташаббуси Русия арзи ҳастӣ кардааст, пайваста аз Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба узвияти он шомил шавад. Тоҷикистон аз узвият ба ин созмон истиҳола мекунад ва дар тамоми ин солҳо гуфтааст, ки “мавзӯи узвият дар созмонро мавриди омӯзиш қарор додааст”.
Оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, ки дар қаламрави кишварҳои узв гардиши озоди нерӯи корӣ, сармояҳо, мол ва хадамот кафолат дода мешавад. Аммо дар амал, ба андешаи бархе кишварҳои узви ин созмон, шароити рақобати молу хадамот дар дохили созмон баробар нест.