Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди соати корӣ барои иваз кардани шиносномаҳои тоҷикӣ


Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як талош барои ташвиқи мардум ба табдил кардани шиносномаҳои қадимӣ, гуфтааст, кор дар шӯъбаҳои шиносномадиҳиро то соати 10 шаб тамдид мекунад.

Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 27-уми май гуфт, тибқи дастури вазири корҳои дохилӣ ҳамаи шӯъбачаҳои шиносномадиҳии вазорат дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки реҷаи кории худро аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб ба роҳ монанд.”

Муроҷиати вазорат ба мардум баъд аз он садо дод, ки порлумони Тоҷикистон масъалаи табдили шиноснома ва симкортҳоро баррасӣ кард. Бар асоси муқаррарот, сокинон бояд то рӯзи 10-уми августи имсол симкортҳояшонро дигарбора ба номашон сабт кунанд ва ин кор фақат бо кортҳои нави ҳуввият сурат мегирад.

Касе ки шиносномаи соли 1996-ро дошта бошад, баъди 10-уми август аз симкорташ маҳрум мешавад. Мақомот гуфтаанд, ки вазорат қодир аст, моҳе фақат то 50 ҳазор шиноснома иваз кунад, вале маълум нест, бо тамдиди муҳлати корӣ вазорат дар як моҳ ба чанд нафар метавонад корти нави ҳуввият бидиҳад. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 3 миллион нафар шиносномаҳои соли 1996 доштаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG