Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Олмон бо сафари серӯза ба Тошканд меравад


21 январ, Берлин. Раиси ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони президенти Олмон Френк-Валтер Штейнмайер буд

Президенти Олмон Френк-Валтер Штейнмайер қарор аст рӯзи 27 май бо як сафари серӯза вориди Тошканд, пойтахти Узбекистон шавад. Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ҳадафи аслии ин сафар мебошад.

Сафари Штейнмайер инчунин то ҷое ба унвони тақвияти талошҳои Узбекистон дар роҳандозии ислоҳоти сиёсӣ баъди дар соли 2016 сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев арзёбӣ мешавад. Мирзиёев талош дорад баъди солиёни дароз ин кишвари Осиёи Марказиро аз инзиво берун кунад.

Мирзиёев, ки солҳои тӯлонӣ дар аҳди президент Ислом Каримов нахуствазири ин кишвар буд, баъди даргузашти ӯ сентябри соли 2016 дар интихобот пирӯз шуд. Мирзиёв талош кардааст бо кишварҳои ҳамсояаш дар минтақа робитаҳои наздику пурсамари иқтисодиву сиёсӣ ба роҳ монда, иқтисоди ин кишвари иборат аз 30 миллион ҷамъиятро зинда кунад. Инчунин ӯ дар амри роҳандозии ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башар, ки замони Каримов дар ҳоли хеле сангин қарор дошт, иқдомҳое рӯи даст гирифт.

Дар остонаи сафари Штейнмайер ба Тошканд, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch (HRW) аз Олмон даъват кард, ки дар баробари ситоиш аз тағйироти мусбат дар ин кишвар, ёдовар шавад, ки роҳи ислоҳот “тӯлонӣ” аст ва ҳамоно аз дохили Узбекистон хабарҳо аз “боздоштҳои худсарона, шиканҷа ва бадрафторӣ бо дастгиршудаҳо ба даст мерасанд, ки хусусияти сартосарӣ доранд”.

Дар ҷараёни сафараш ба Олмон моҳи январи имсол Мирзиёев гуфт, ки мехоҳад ҳамкориҳои Узбекистонро бо Олмон “ба сатҳи сифатан нав” бардорад ва он замон садри аъзам Ангела Меркел ҳам гуфта буд, ки хостори дар симои Узбекистон дидани як “шарики боэътимод” аст.

Қарор аст Штейнмайер бо Мирзиёев дар Тошканд мулоқот карда, ҳайати соҳибкорони олмонӣ бо ҳамкоронашон дар Узбекистон тарҳҳои муштараки тиҷоратиро баррасӣ кунанд ва инчунин мулоқоти Штейнмайер бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ баргузор шавад. Дар ин бора дар изҳороти матбуотии ҳукумати Олмон хабар дода шудааст.

Президенти Олмон ҳамроҳ бо ҳамсараш Элке Буденбендер ба Тошканд меравад ва қарор аст инчунин аз донишгоҳи давлатии Ургенҷ дар ғарби Узбекистон дидан карда, ба тамошои шаҳри таърихии Хива ҳам сафар кунад.

Дар як изҳороти муҳаққиқони масоили Осиёи Марказӣ дар HRW рӯзи 23 май гуфта шуд, ки ҳукумати Узбекистон “ҳамоно хеле худкома” боқӣ мемонад. “Қонунҳои нав, ки дар вокуниш ба даъватҳои байналмилалӣ қабул шудаанд, бояд дар амал дар зиндагии мардуми оддӣ татбиқ шаванд, то ки зиндагии ҳамарӯзаи одамони оддӣ дигар шавад”.

Дар миёни ин ислоҳот ҳомиёни ҳуқуқ ба зарурати иҷозаи кори созмонҳои маҳалливу байналмилалӣ, фаъолияти озоди хабарнигорон, озодиҳои динӣ ба намояндагони гурӯҳҳои мазҳабии мухталиф, мустақилияти низоми додгустарӣ ва таъмини адолат дар нисбати зиндониҳои сиёсӣ таъкид кардаанд.
Дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқ гуфта мешавад, ки дар остонаи сафари Штейнмайер мақомоти Узбекистон дастрасӣ ба бархе вебсайтҳои хабарии мисли Deutsche Welle-ро имконпазир карда, вале боз ҳам вебсайтҳои дигари хабарии мисли бахши Узбекии Радиои Озодӣ баста боқӣ мемонад.

Дар изҳорот омадааст, ки “талошҳои ҳукумат барои эҷоди фазои мусбат дар остонаи сафари Штейнмайер танҳо дар ҳолати пурра боз шудани интернет барои шаҳрвандони маҳаллӣ муассир хоҳад буд”.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG