Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ одат ба бозиҳои компютериро беморӣ эътироф кард


Созмони ҷаҳонии тандурусӣ (СҶТ) одат кардан ба бозиҳои компютериро ба гуруҳи нави байналмилалии бемориҳо ворид кард. Ин тасмим дар 72-умин Маҷмаи умумии тандурустии кишварҳои узви СҶТ дар шаҳри Женева гирифта шуд.

Одат кардан ба бозӣ дар гуруҳи нави бемориҳо ҳамчун рафтори батакроре қайд шудааст, ки ба иҷрои корҳои муҳими дигар, аз қабили корҳои шахсӣ, хонаводагӣ, иҷтимоӣ, касбӣ ва омӯзиш халал эҷод мекунад. Ин гуруҳи бемориҳо аз соли 2022 ба иҷро медарояд.

Ба назари СҶТ, ин навъи муътодон бозиро бар фаъолиятҳои рӯзмара ва манфиатҳои дигари зиндагӣ афзалтар номида, бо вуҷуди оқибатҳои манфиаш онро идома медиҳанд.

Таҳиягарони бозиҳои компютерӣ дар вокуниш ба ин қарор аз СҶТ даъват карданд, ки тасмимашро бознигарӣ кунад. Ба гуфтаи онҳо, қарори мазкур дар асоси "далелҳои муътамади нокофӣ" гирифта шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG