Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев президенти фахрии Шӯрои туркон шуд


Ба Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон мақоми фахрии президенти якумрии Шӯрои Туркон дода шуд. Дар ин бора дар изҳороти Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон зикр шудааст.

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, ин ташаббусро президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон пешниҳод ва роҳбарони дигари Шӯрои туркон ҷонибдорӣ кардаанд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, Назарбоев ба хотири "нақши барҷастааш дар муттаҳид кардани туркзабонон дар солҳои 1990 ва ташкили созмони ҳамгироии туркон" ба чунин мақом мушарраф шудааст.

"Ақидаҳо ва тарҳҳои Нурсултон Назарбоев аз ин ба баъд низ тариқи Шӯрои туркон амалӣ хоҳанд шуд", - омадааст дар изҳорот.

XS
SM
MD
LG