Дар Узбекистон амволи ширкати "Rubicon Wireless Communication", ки ба Рустам Мадумаров, шавҳари пешини Гулнора Каримова, духтари президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов тааллуқ дорад, ба фурӯш гузошта шуд. Дар ин бора расонаҳои Узбекистон 25-уми май хабар доданд.
"Rubicon Wireless Communication" зертобеи ширкати "Perfectum" аст, ки дар бахши алоқаи мобилӣ фаъолият мекунад. Қимати ибтидоии ин ширкат дар музояда 205 млрд сӯм таъйин шудааст. Хабар дода мешавад, ки музояда 10 июни соли ҷорӣ барпо хоҳад шуд.
Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар Узбекистон 100 дарсади саҳмияҳои ширкати "EDEL VEYS-ALI"-ро, ки молики нахустин радиои хусусии "Радио Гранд" дар ин кишвар аст, ба фурӯш гузоштанд.
Бино ба хабари расонаҳои Узбекистон, арзиши ширкат 4,1 миллиард сӯм (ҳудуди 480 ҳазор доллар) муайян шудааст. Музоядаи фурӯши ширкат 8 майи соли равон баргузор мешавад.
Пештар Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки шавҳари пешини духтари калонии президенти нахустини Узбекистон Гулнора Каримова - Рустам Мадумаров дар нақшаи коррупсионии Каримова даст дошта, моҳи июни соли 2014 ба муҳлати тӯлонӣ зиндонӣ шуд.
Додситонии Шветсия Мадумаровро ба миёнаравӣ дар муомилаҳои Каримова бо бузургтарин ширкатҳои мухобиротӣ ҳангоми доду гирифти пора барои ворид шудан ба бозори алоқаи Узбекистон гумонбар медонад.