Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб хост, ӯро аз ПКТ озод кунанд


Валамат Иброҳимзода

Ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, яке аз аъзои зиндонии ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, аз мақомот талаб кард, то ӯро аз ҳуҷраи ҷазо ё ПКТ озод кунанд.

Қаблан мақомоти интизомӣ гуфта буданд, ки Раҳматуллои Раҷаб бо иттиҳоми риоя накардани қоидаҳои маҳбас ба ҳуҷраи ҷазо интиқол ёфтааст. Ӯ дар зиндони шаҳри Ваҳдат нигоҳдорӣ мешавад.

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, рӯзи 24-уми май дар изҳороти видеоӣ гуфт:

"Мо бояд рӯзи 25-уми май бо шавҳарам мулоқот мекардем. Пештар ба зиндон рафта пурсидам, ки оё воқеан мулоқот мешавад ё не? Ба раиси зиндон Идибек Муҳтоҷзода муроҷиат кардам ва ӯ гуфт, мо дар давоми ду моҳи оянда ӯро дида наметавонем. Сабабашро пурсидам, гуфт, ки ӯро дар ПКТ ҷойгир кардаанд ва ҳама медонад, он чист."

Гуфта мешавад, шароит дар боздоштгоҳи ҷаримавии мавсум ба ПКТ хеле шадидтар аз ҳамаи бахшҳои дигари муҷозотист. Дар онҷо хондани рӯзнома, гӯш кардани радио ё қабули ғизое, ки наздикони маҳбусон меоранд, манъ аст. Маҳбус дар як рӯз танҳо барои ним соат ҳавои кушод бароварда мешавад.

Мақомоти зиндон то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд. Аммо Валамат Иброҳимзода гуфт, рӯзи шанбе ба қабули сардори идораи зиндонҳо меравад, то ба мушкилаш расидагӣ кунанд.

"Агар ба мушкили мо расидагӣ нашавад, гуруснанишинӣ хоҳам кард", -- гуфт ӯ.

Раҳматуллои Раҷаб як моҳ пеш сактаи мағзӣ шуда буд. Ҳамсараш мегӯяд, ҳоли ӯ чандон хуб набуд ва ҳоло мехоҳад бо чашмони худ бубинад, ки дар чӣ вазъ аст.

Раҳматуллои Раҷаб ҳамчун фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ дар аввали моҳи июли соли 2016 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро соли 2015 мамнӯъ ва онро террористӣ унвон кард. Додгоҳ гуфт, аъзои ин ҳизб дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 даст доранд. Ҳизб ва аъзои он ин иттиҳомро рад мекунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Чин 18 санади ҳамкорӣ имзо карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00
XS
SM
MD
LG