Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осебдидагони сӯхтори газ дар Душанбе мӯҳтоҷи кумаканд


Ду нафар аз захмиёни сӯхтори газ дар хиёбони Айнӣ, яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе, гуфтанд, ки ба кумак ниёз доранд. Онҳо иддао карданд, ки бо гузашти се рӯз аз ҳодиса касе аз мақомот ба аёдатшон наомадааст.

Дар ҳодисаи шоми 18-уми май шаш нафар маҷруҳ шуда, раиси ширкати "Васл-саноат" Умед Тиллоев ва се зердасти ӯ муттаҳам шуданд.

Ба гуфтаи пизишкони бемористони рақами сеи пойтахт, чаҳор нафар аз захмиён, ки аз 25-сола боло буданд, ба хонаҳои худ рафтаанд. Ҳоло ду ноболиғ -- Аюбҷон Шерови 14-сола ва Абдуғаффор Сайфуддинови 15-сола -- таҳти назорати табибон қарор доранд. Сару рӯй ва дастони онҳо осеб дида, аз дувоздаҳ то понздаҳ дарсади баданашон сӯхтааст.

Маҳмадсафар Шеров, падари Аюбҷон Шеров, рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз хидмати табибон розист, вале аз он ноумед аст, ки аз муттаҳамони фалокат ва мақомот касе ба наздашон наомад ва кумак накард.

"Фақат дар рӯзи аввал омада, баёнот гирифта, рафтанд. Дигар касе наомад. То ҷое хабар дорам, дар чунин ҳодисаҳо бояд ёрӣ кунанд. Онҳое, ки гунаҳкоранд, бояд ҷуброн пардозанд", -- афзуд ӯ.

Наздикони Абдуғаффор Сайфуддинов ҳам гуфтанд, доруву дармони ӯ аз ҳисоби хонавода аст.

Таркиши газ сокинони Душанберо тарсонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00

Изҳороти аз ҳам гуногун

Бегоҳи 18-уми май дар маҳаллаи гардиши фурудгоҳи Душанбе сӯхтори газ ба амал омад. Дар оғоз гуфта мешуд, ки лӯлаи газ таркидааст. Дафъатан, баъди ҳодиса Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар иттилоияи расмӣ гуфт, касе осеб надидааст. Мақомоти вазорат рӯзи 19-уми май дар изҳороти дигар гуфтанд, "сӯхтори газ дар чоҳҳои амудӣ рух дода", бар асари он шаш роҳгузар ҷароҳати сабук бардоштанд. Онҳоро ба бемористони рақами сеи пойтахт бурдаанд.

Ба нақли мақомот, ҳодиса баъд аз он сар задааст, ки кормандони ширкати "Васл-саноат" масъулияти тоза кардани зарфи гази моеъ (гунҷоишаш 25 ҳазор литр)-ро дар меҳмонхонаи "Ҳилтон"-и Душанбе ба уҳда гирифта, "бо супориши раиси худ боқимондаи газро ба қубури партовҳо партофтаанд".

"Ин амали онҳо боис ба олудагии газ бо обу оксиген ва сар задани сӯхтор гашта, дар натиҷа 6 роҳгузар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд", -- гуфта шудааст дар изҳороти ВКД.

Вокуниши "Тоҷиктрансгаз"

Додситонии шаҳри Душанбе ба зидди раиси ширкати "Васл-саноат" ва се зердасташ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ”, “сӯистифода аз мансаб” ва “хунукназарӣ” – парванда боз кардааст, ки аз ҷаримаву корҳои ислоҳӣ то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ширкати "Васл-саноат" ба таъмир ва тоза кардани иншооти истеҳсоли хатарноки кимиёвӣ машғул аст. Дар ҳамин ҳол, ширкати "Тоҷиктрансгаз" дар сар задани сӯхтор кормандони меҳмонхонаи "Ҳилтон"-ро низ муттаҳам кардааст.

Карим Иброҳим, мудири ширкат, дар номае ба Радиои Озодӣ навиштааст, "кормандони меҳмонхона аз боришоти боронҳои дарозмуддати ҳамон рӯз истифода бурда, дар гумони зуд шуста шудани он партовҳои газиро ба ин ҷӯйбор холӣ кардаанд. Ҳодисаи мазкур бармало кард, ки эҳтимоли санаи 24-уми май боришоти сахтро ба инобат гирифта, дар меҳмонхона чунин қоидавайронкунӣ содир шуда, боис ба алангаи оташ дар ин мавзеъ гардидааст."

Ду таркиш дар як маҳал ва дар як моҳ

Дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” рӯзи 21-уми май аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ намуда, танҳо гуфтанд, ки кормандони онҳо ба сар задани ҳодисаи мазкур рабт надоранд.

Рӯзи 18-уми май шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ ду видео фиристода буданд, ки сӯхтори газро аз аввал то ба охир нишон медиҳад. Шӯълаҳои оташ дар назди як бинои баланду навсохте дида мешавад ва сипас мақомоти интизомӣ дар маҳалли ҳодиса мардумро амр медиҳанд, ки ба оташ наздик нашаванд.

Баъди чанд дақиқаи сӯхтор мошинҳои оташнишонӣ низ ба маҳалли ҳодиса меоянд ва барои фурӯ нишондани оташ омодагӣ мегиранд.

Айни ҳодиса дар ҳамин маҳал шаби 24-уми апрели имсол низ рух дода буд. Ҳоло маълум нест, ки байни ин ду ҳодиса пайванде ҳаст ё ҳолатҳои ҷудогонаанд. Он вақт дафтари матбуоти ҳукумати Душанбе гуфта буд, ки таркиш дар натиҷаи сӯрох шудани лӯлаи газ ва ихроҷи он сар задааст.

Мақомот гуфтанд, ки "лӯлаи газ дар ин минтақа куҳнаву фарсуда шудааст”, чун тақрибан ним аср ва ё 45 сол пеш ва аз соли 1974 мавриди истифода қарор доштаанд.”

Узбекистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ кард ва аз охири соли гузашта дигарбора интиқоли онро аз сар гирифт. Ҳоло аз гази Узбекистон теъдоде аз сокинон, ошхонаву тарабхонаҳо, марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ширкати тавлиди алюминийи "Талко" истифода мебаранд.

Форуми Фейсбук

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG