Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби таркиш дар Душанберо шарҳ доданд


Мақомоти шаҳри Душанбе таркиш дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахтро шарҳ дода гуфтанд, ки сабаби фалокат, инфиҷори лӯлаи газ будааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати Душанбе гуфт, ки таркиши шаби 24-уми апрел дар наздикии фурудгоҳ, сӯрох шудани лӯлаи газ ва ихроҷи он будааст. Дар баёнияи кутоҳе, ки рӯзи 25-уми апрел нашр шуд, омадааст, ки “лӯлаи газ дар ин минтақа куҳнаву фарсуда шуда, соли 1974 мавриди истифода қарор доштаанд.”

Шаби 24-уми апрел таркиши қавӣ сокинони маҳаллаҳои наздик ба ҳодисаро тарсонд. Вазорати умури дохилӣ аввал гуфт, ки расиши ноқилҳои барқӣ сабаби таркиш шуд. Дар натиҷа 5 метр роҳ вайрон шудааст. Касе дар ин ҳодиса осеб надидааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Маросими видоъ бо Махсуми Абдусаттор баъди кушта шудан дар маҳбас
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00
XS
SM
MD
LG