Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 4 нафар барои таркиши газ дар Душанбе. ВИДЕО


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон чаҳор нафарро бо гумони даст доштан дар сӯхтори гази моеъ дар хиёбони Айнӣ, яке аз кӯчаҳои марказии Душанбе, дастгир кардааст.

Дар ин ҳодиса, ки шоми 18-уми май боис ба ҷароҳати 6 нафар шуд, раиси ширкати "Васл-саноат" Умед Тиллоев ва се зердасти ӯ – Раҷабалӣ Бобоев, Абдуллобек Қурбоналиев ва Рустамҷон Самадов – муттаҳаманд.

Дар ҳоли ҳозир танҳо баёнияи расмии мақомот дастрас шудааст, вале то ҳанӯз наздикон ва вакилони мудофеи муттаҳамон изҳори назар накардаанд.

Додситонии шаҳри Душанбе ба зидди онҳо бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ”, “сӯистифода аз мансаб” ва “хунукназарӣ” – парванда боз кардааст, ки аз ҷаримаву корҳои ислоҳӣ то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бегоҳи 18-уми май дар маҳаллаи гардиши фурудгоҳи Душанбе сӯхтори газ ба амал омад. Дар оғоз гуфта мешуд, ки лӯлаи газ таркидааст. Дафъатан, баъди ҳодиса Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар иттилоияи расмӣ гуфт, касе осеб надидааст.

Мақомоти вазорат рӯзи 19-уми май дар изҳороти дигар гуфтанд, "сӯхтори газ дар чоҳҳои амудӣ рух дода", бар асари он шаш роҳгузар ҷароҳати сабук бардоштанд. Онҳоро ба бемористони рақами сеи пойтахт бурдаанд.

Ба нақли мақомот, ҳодиса баъд аз он сар задааст, ки кормандони ширкати "Васл-саноат" масъулияти тоза кардани зарфи гази моеъ (гунҷоишаш 25 ҳазор литр)-ро дар меҳмонхонаи "Ҳилтон"-и Душанбе ба уҳда гирифта, "бо супориши раиси худ боқимондаи газро ба қубури партовҳо партофтаанд".

"Ин амали онҳо боис ба олудагии газ бо обу оксиген ва сар задани сӯхтор гашта, дар натиҷа 6 роҳгузар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд", -- гуфта шудааст дар изҳороти ВКД.

Ширкати "Васл-саноат" ба таъмир ва тоза кардани иншооти истеҳсоли хатарноки кимиёвӣ машғул аст.

Таркиши газ сокинони Душанберо тарсонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00

Рӯзи 18-уми май шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ ду видео фиристода буданд, ки сӯхтори газро аз аввал то ба охир нишон медиҳад. Шӯълаҳои оташ дар назди як бинои баланду навсохте дида мешавад ва сипас мақомоти интизомӣ дар маҳалли ҳодиса мардумро амр медиҳанд, ки ба оташ наздик нашаванд.

Баъди чанд дақиқаи сӯхтор мошинҳои оташнишонӣ низ ба маҳалли ҳодиса меоянд ва барои фурӯ нишондани оташ омодагӣ мегиранд.

Айни ҳодиса дар ҳамин маҳал шаби 24-уми апрели имсол низ рух дода буд. Ҳоло маълум нест, ки байни ин ду ҳодиса пайванде ҳаст ё ҳолатҳои ҷудогонаанд. Он вақт дафтари матбуоти ҳукумати Душанбе гуфта буд, ки таркиш дар натиҷаи сӯрох шудани лӯлаи газ ва ихроҷи он сар задааст.

Мақомот гуфтанд, ки "лӯлаи газ дар ин минтақа куҳнаву фарсуда шудааст”, чун тақрибан ним аср ва ё 45 сол пеш ва аз соли 1974 мавриди истифода қарор доштаанд.”

Узбекистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ кард ва аз охири соли гузашта дигарбора интиқоли онро аз сар гирифт.

Ҳоло аз гази Узбекистон теъдоде аз сокинон, ошхонаву тарабхонаҳо, марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ширкати тавлиди алюминийи "Талко" истифода мебаранд.

Форуми Фейсбук

XS
SM
MD
LG