Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши газ сокинони Душанберо тарсонд. ВИДЕО


Таркиш инҷо рух дод.
Таркиш инҷо рух дод.

Таркиши лӯлаи газ дар хиёбони Айнӣ, яке аз кӯчаҳои марказии Душанбе сокинон ва раҳгузаронро тарсонд. Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ ду видео фиристоданд, ки ҳодисаро аз аввал тақрибан то ба охир нишон медиҳад.

Шӯълаҳои оташ дар назди як бинои баланду навсохте дида мешаванд ва сипас мақомоти интизомӣ дар маҳалли ҳодиса мардумро амр медиҳанд, ба оташ наздик нашаванд.

Баъди чанд дақиқаи таркиш мошинҳои оташнишонӣ низ ба маҳалли ҳодиса меоянд ва барои фурӯ нишондани оташ омодагӣ мегиранд. Зоҳиран ихроҷи газ аз лӯлаи фарсуда ва ё садамадидаи газ ҳангоми корҳои сохтмони сабаби ихроҷи газ ва сӯхтани он шудааст. Дар бораи талафот ва ё осеб дидани касе гузориш нарасидааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шоми 18-уми май дар як баёнияи кӯтоҳ гуфт, ҳодиса соати 18:50 дақиқа дар гардиши фурудгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш ба вуқӯъ пайваст. Дар баёния омадааст: "Дар натиҷаи санҷиши пешакӣ маълум шуд, ки бинобар бориши зиёди борон дар ноқилҳои барқии зери заминӣ расиши кӯтоҳ ба амал омада, дар чоҳҳои гази магистралӣ, сухтор ба амал омадааст. Сӯхтор пурра хомӯш карда шуда, бинои истиқоматӣ ва шаҳрвандон зарар надидаанд."

Таркиши газ сокинони Душанберо тарсонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00

Айни ҳодиса дар ҳамин маҳал шаби 24-уми апрели имсол рух дод. Дафтари матбуоти ҳукумати Душанбе гуфт, таркиш дар натиҷаи сӯрох шудани лӯлаи газ ва ихроҷи он будааст.

Мақомот гуфтанд, ки "лӯлаи газ дар ин минтақа куҳнаву фарсуда шудааст”, чун тақрибан ним аср ва ё 45 сол пеш ва аз соли 1974 мавриди истифода қарор доштаанд.”

Узбекистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ кард ва аз охири соли гузашта дигарбора интиқоли онро аз сар гирифт.

Ҳоло аз гази Узбекистон теъдоде аз сокинон, ошхонаву тарабхонаҳо, марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ширкати тавлиди алюминийи "Талко" истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG