Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як табиби покистонӣ 400 кӯдакро ба ВИЧ/СПИД олуда кардааст. ВИДЕО


Як пизишк дар Покистон ба он муттаҳам аст, ки даҳҳо кӯдакро ба бемории ВИЧ/СПИД олуда кардааст.

Ба қавли мансабдорон, ташхиси ангезаи ВИЧ-СПИД дар тани беш аз 400 сокини ин деҳа ва аксаран кӯдакон, сокинонро ба даҳшат овардааст. Худи табиб бо иттиҳоми истифодаи сӯзани нопок муттаҳам мешавад.

Искандар Меҳмон, узви комиссияи назорати бемориҳои вилоятии Синд, гуфт, “феълан сарчашмаи сирояти ногаҳонии ВИЧ/СПИД-ро таҳқиқ доранд. Аз миёни 185 нафар мо бо 64 кас аллакай суҳбат доштем. Тахмин меравад, ки дар наздик ба 40 дар сади ҳодисаҳо истифодаи чандинкаратаи сӯзан сабаб шудааст.”

Волидони атфоли сироятшуда ба ғазаб омадаанд ва ба суолҳои худ посух мехоҳанд.

Модари яке аз кӯдакони мубтало ба ВИЧ/СПИД гуфт, “хеле нороҳатам. Чанд тифли дигар ҳам дорам. Мардум мегӯянд, ки онҳо дар оянда наметавонанд оиладор шаванд, зеро ангезаи СПИД ба кӯдаконашон мегузарад. Ман панҷ тифли дигар дорам. Намедонам чӣ кор кунам?”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Табиби деҳа камаш 400 кӯдакро олудаи ВИЧ-СПИД кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Мансабдорони покистонӣ мегӯянд, табиби муттаҳам худаш низ олудаи ангезаи ВИЧ/СПИД будааст. Табибро дар боздоштгоҳи маҳаллӣ ҷой додаанд, вале ӯ айбномаро беасос мешуморад.

Мақомдорон бо ҳадафи ором намудани волидон исрор меварзанд, ки шахси гирифтори ВИЧ/СПИД метавонад зиндагии солиму комил дошта бошад.

Искандар Меҳмон гуфт, “агар фарди гирифтор пайваста дору истеъмол кунад, имкон дорад мисли бемори қанд ва ё фишори хун зиндагии осуда дошта бошад. Ин ҳол ба зиндагии оилавӣ ҳам дахл дорад.”

Коршиносон аз авҷи сирояти ВИЧ/СПИД дар Покистон нигаронанд. Онҳо вазъи носолими санитарӣ ва таҷрибаи нокофиро сабабгори чунин ҳол меноманд. Ба гуфти онҳо, баъзе аз табибон бо мақсади коҳиши хароҷот як сӯзанро чанд дафъа истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG