Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То 12 соли зиндон – ҷазои табибони тоҷик барои хунукназарӣ. ВИДЕО


Порлумони Тоҷикистон барои ворид кардани доруи пастсифат ва муҳлаташ гузашта, инчунин, ба бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД ва ҳепатит гирифтор кардани муштариҳо дар дандонпизишкиву кошонаҳои ҳусн, аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли зиндон ҷазо таъйин кард. Бар асоси тағйироте, ки рӯзи 5-уми декабр ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноии Тоҷикистон ворид карда шуд, барои такрори ин амал аз 8 то 12 сол муқаррар гардид.

"Пас аз рафтан назди дандонпизишк ҳепатит шудам"

Рухшона Оминова, сокини шаҳри Душанбе, соли 2011 ба дандонпизишк муроҷиат карда ва ба бемории ҳепатит ё зардпарвин гирифтор шуд. Ӯ гуфт, аз он замон то кунун ба муолиҷа машғул аст, аммо ҳанӯз шифо наёфтааст.

Бархе аз дандонпизишкон мегӯнд, ки чунин сангин сохтани муҷозот метавонад боиси интиқомгириву тӯҳматҳо шавад.

"Дандонам дард кард ва ба назди духтур рафтам. Баъд аз чанд моҳи муолиҷа маълум шуд, ки ба бемории ҳепатит гирифтор шудаам. Дақиқ медонам, ки дар пайи муолиҷаи дандонпизишк ба ин беморӣ гирифтор шудам, аммо ба ҳеҷ ҷо шикоят накардам, зеро он замон тасдиқи ин амр ғайриимкон буд", - афзуд ӯ.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Рӯзи 5-уми декабр вакилони Маҷлиси Намояндагон бо ислоҳи Қонуни ҷиноии Тоҷикистон муқаррар карданд, ки агар шахсе дар пайи фаъолияти духтур ё дар кошонаи ҳусн ба бемории сироятӣ гирифтор шуда, дар натиҷа бифавтад, ин пизишк ё устои сартарошхонаву кошонаи ҳусн бори аввал аз 5 то 8 ва бори дувум аз 8 то 12 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

Вазир мегӯяд, ки назорат сахттар шудааст

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки ба вакилони мардумӣ тарҳи ин ислоҳот ба қонунро муаррифӣ мекард, гуфт, ҳамзамон масъулони кошонаҳои ҳусн ва дандонпизишкҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар робита ба таъмини талаботи саломатии сокинон ба маблағҳои бузург ҷарима карда мешаванд. Олимзода гуфт, ҳоло назорат бар фаъолияти кошонаҳои ҳусн ва дандонпизишкиҳо тақвият ёфтааст, вале ҳамчунон ҳолатҳои мубтало шудани сокинон ба бемориҳои сироятӣ мушоҳида мешавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Муҷозот барои ворид кардани доруҳои тақаллубӣ сангинтар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Ӯ афзуд, ҳоло дандонпизишкҳо дар муолиҷаи беморон аз таҷҳизоти якдафъаина истифода мекунанд, вале, бо ин вуҷуд, ҳолатҳои гирифтории беморон рух медиҳанд. "Ҳарчанд тасдиқи гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар пайи фаъолияти дандонпизишк душвор аст, таҷҳизоти муосир метавонад собит кунад, ки беморӣ дақиқан дар чӣ замоне сироят кардааст", - афзуд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили мардумӣ.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили мардумӣ.

Феълан дар Тоҷикистон садҳо утоқи дандонпизишкӣ фаъоланд, ки ба гуфтаи вакилон, сатҳи тахассусии духтурҳои он чандон ҷавобгӯи меъёрҳо нест. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон гуфт, ҳоло бештаре аз дандонпизишкҳо баъд аз хатми чаҳорсолаи дандонпизишкӣ дар муассисаҳои таълимӣ, шуғли духтури дандонро пешаи худ мекунанд. Ҳарчанд хатмкардаҳои Донишгоҳи тиббӣ танҳо баъд аз 7 соли таҳсил метавонанд дандонпизишк шаванд.

"Дар Душанбе вазъ хуб аст, дар деҳот талабот риоя намешавад"

Идибек Маҳмудов, дандонпизишк аз шаҳри Душанбе бовар дорад, ки сангинтар шудани муҷозот барои табобати нодурусти беморон метавонад аз сироятёбии сокинон ба бемориҳои сироятӣ мусоидат кунад. Ҳарчанд ӯ мегӯяд, дар дандонпизишкиҳои шаҳр талаботи беҳдоштӣ пурра риоя мешавад.

Ба гуфтаи ин табиби тоҷик, дар шаҳрҳо назорат бар фаъолияти дандонпизишкӣ хеле ҷиддӣ аст, аммо дар минтақаҳо, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст талаботи беҳдоштӣ риоя намешавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз дандонпизишкон дар сӯҳбатҳои бидуни микрафон гуфтанд, ки чунин сангин сохтани муҷозот барои табобати нодуруст метавонад боиси интиқомгириву тӯҳматҳо шавад. Зеро, воқеият ин аст, ки феълан собит кардани ин нуқта, ки маҳз дар ҳамин дандонпизишкӣ шахс ба бемории сироятӣ мубтало шудааст, душвор мебошад. Ба ин далел, бархе аз пизишкон изҳор доштанд, ки бо дарназардошти набуди шароити муносиби корӣ, онҳо ҳамакнун дар фикри кӯч бастан ба кишварҳои хориҷӣ мешаванд.

500 дорухона танҳо дар Душанбе

Ба иттилои Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ феълан дар Тоҷикистон 579 ҳуҷраи дандонпизишкӣ, 835 сартарошхона ва 377 кошонаи ҳуснро расман фаъолият доранд. Ҳамзамон дар кишвар 2450 дорухона фаъол ҳастанд, ки 500 адади онҳо дар шаҳри Душанбе воқеъ мебошанд.

Ду рӯз пеш фаъолияти сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ду рӯз қабл дар ҷаласае дар Додситонии кулли кишвар мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд. Вале дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагон вакилон ҳамчунин дар робита ба воридсозии доруҳои тақаллубиву мӯҳлати истифодааш гузашта тасмимҳои сангинкунандаи муҷозотро қабул карданд.

Муҷозоти сангин чӣ паёмад хоҳад дошт?

Ҳамакнун нафарони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ворид кардани чунин дору то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 50 сомонӣ) ҷарима шуда, доруҳо мусодира мешавад.

Порлумони Тоҷикистон ин тағйиротро ба қонун рӯзи 5-уми декабр ворид кард.
Порлумони Тоҷикистон ин тағйиротро ба қонун рӯзи 5-уми декабр ворид кард.

Дар сурати такрори чунин амал, воридкунандаҳои дору ва фурӯшандаҳо аз 5 то 8 сол зиндонӣ хоҳанд шуд. Дар мавриди воридсозии ғизои пастсифати атфол низ чунин муқаррарот ҷорӣ карда шуд.

XS
SM
MD
LG