Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фавт ва бемориҳои сироятӣ" - ду мушкили умдаи зиндонҳои Тоҷикистон


Аксҳо аз бойгонӣ.
Аксҳо аз бойгонӣ.

Фавт ва ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани зиндониёни тоҷик як мушкили аслӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон будааст. Ин хулосаи як санҷиши ҳомиёни ҳуқуқ дар зиндону боздоштгоҳҳои муваққатии кишвар аст, ки дар соли 2018 анҷом шудааст.

Маълумот дар бораи гирифтории зиндониён ба бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистонро дар чанд соли ахир мақомоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия аксаран пинҳон медоштанд, вале имсол ин омор дар маърӯзаи солонаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дарҷ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъи зиндонҳои кишвар назар ба солҳои гузашта ва бо афзоиши маблағгузорӣ беҳтар шудааст, вале айни замон ба гуфтаи онҳо, зиндон "ҷойи истироҳат нест".

Дар ин гузориш, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр карданд, омадааст, ҳарчанд соли 2018 барои беҳтар кардани ҳолати зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ чораҳо андешида шудааст, аммо вазъи нигаҳдошти зиндониён беҳбудӣ металабад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон, дар муассисаҳои пӯшида насб нагардидани камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳуҷраҳои пурсиш, бо маводи доруворӣ ва озуқавориву лавозимоти ҷойи хоб ва ҳолати беҳдоштии маконҳои истифодаи умум, таъкид шудааст.

"Танҳо дар соли 2018 ташхиси зиндониён, гирифтор будани 30 нафари нав ба бемории ВИЧ-ро муайян карда, ҳоло дар муассисаҳои ислоҳӣ 307 нафар маҳбус бо ин беморӣ адои ҷазо менамоянд, ки аз шумораи умумии онҳо дар маҳбасаҳо 262 нафарашон ба табобати ретровирусӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин теъдоди гирифторони бемории сил дар зиндонҳо 173 нафар аст",-омадааст дар гузориши ин ниҳод. Ин дар ҳолест, ки чор соли пеш мақомоти расмии кишвар шумораи маризони ВИЧ-ро дар маҳбасҳои кишвар 821 нафар баршумурда буданд.

"Вазъе каме тағйир ёфтааст"

Ҳусниддин Нидоев, намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мониторинг ё таҳлили "ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида"-ро ҳамроҳ бо созмонҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа анҷом додаанд. Ба гуфтаи Нидоев, онҳо дар пайи ин мониторинг вазъи ҳуқуқи инсонро дар чунин маҳбасхонаҳо баррасӣ карда, бо ирсоли дархост ба ниҳодҳои марбута, ҳалли мушкилро талаб намуданд.

Масъулони идораи зиндонҳо аз пешниҳоди омори дақиқе дар бораи ҳалокати маҳбусон дар зиндонҳо худдорӣ мекунанд. Аммо созмонҳои байналмилаливу ғайриҳукуматӣ теъдоди маҳбусони бемории сил ва ВИЧ дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистонро аз ду ҳазор зиёд мехонанд ва мегӯянд, солона даҳҳо нафар аз бемориҳои гуногун мефавтанд.

Масъулони вазорати тандурустӣ ва маҳбасхонаҳо мегӯянд, маҳбусон бо қадри имкон бо маводи дорувории ройгон таъмин буда, пайваста зери назорати табибон қарор доранд. Худи зиндониҳои собиқ ҳам мегӯянд, пас аз дахолати созмонҳои ҳуқуқи инсон, вазъ каме тағйир кардааст.

Як бор ташхис дар се моҳ

Муродалӣ як зиндонии собиқ, ки се моҳи пеш аз маҳбаси рақами яки Душанбе озод шуд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи маҳбусоне, ки ба бемориҳои сироятӣ гирифторанд нисбат ба панҷ соли қабл беҳтар аст. Чун ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ки 8 солу ду моҳ барои қочоқи маводи мухаддир адои ҷазо кардааст, ҳоло дигар давлат намехоҳад бо якҷоя нигоҳ доштани маҳбусони бемор ҳамроҳ бо афроди солим барои худ "дарди сари зиёдатӣ" бихарад.

Ӯ мегуяд, "як ҷавони миёнсол буд, баъд вақте ташхис карданд, гуфтанд, ки бемории сил шудааст. Вай ҳангоми дидор бо занаш ба ин беморӣ гирифтор шуда буд. Ӯро аввал барои табобат ба беморхонаи маҳбаси шаҳри Ваҳдат бурданд, вақте аз онҷо омад, дар ҳуҷраи дигар нигаҳдорӣ мешуд",-гуфт Муродалӣ. Ба нақли ин ҳамсӯҳбати мо, барои мушахас кардани бемориҳои сирояти дар се моҳ зиндониҳоро як маротиба ташхис мегузаронанд.

Аммо масъулини созмонҳое, ки дар доираи лоиҳаҳои вижае бо ин гурӯҳи маҳбусон ҳамкорӣ ва ба онҳо кӯмак мекунанд, мегӯянд, натанҳо маҳбусони бемор дар шароити хос нигаҳдорӣ шаванд, балки зери назорати қатъии табибон қарор дошта бошанд.

"Саломатии маҳбусон аз худи онҳо вобаста аст"

Пӯлод Ҷамолов, раиси созмони мустақили "СПИН-Плюс", ки ба зиндониёни гирифтори ВИЧ машваратҳои равониву ҳуқуқӣ мерасонад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар моҳ то ду маротиба бо зиндониҳо мулоқот мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар муассисаҳое, ки гирифторони бемориҳои сироятӣ адои ҷазо мекунанд, сиҳатии маҳбусони дигар аз худи онҳо вобаста аст.

"Барои мисол, агар онҳо бо ҳам алоқаи ҷинсӣ накунанд ё бо як асбоби риштарошӣ ё сӯзандору ду нафар истифода накунанд, сироят намеёбанд. Ин ҳам мисли онҳое, ки дар озодӣ қоидаро риоя намекунанду гирифтор мешаванд, ҳамингуна аст",-афзуд вай.

Созмонҳое ки аз вазъи зиндониёни гирифтори бемориҳои сирояти огоҳанд, мегӯянд, ҳанӯз нокифоя будани ғизо барои гирифторони бемории сил дар муссисаҳои ислоҳӣ ва набудани шароит барои гузаронидани кӯмаки физиохирургӣ аз мушкили дигар ба ҳисоб меравад. Аммо як ҳамсӯҳбати мо аз раёсати зиндонҳои кишвар бидуни бурдани номаш гуфт, солҳои охир сироятёбии маҳбусон ба бемории сил ва ВИЧ ташвишовар нест.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

"Ҳоло дар СИЗО-1 як дастгоҳи флюорографии рақамӣ гирифтем ва кадом одаме, ки ба СИЗО дохил мешавад, сад дарсад аз таҳлили флюорографӣ барои дарёфти беморӣ мегузарад. Ғайр аз ин, дар беморхонаи марказии раёсат дастгоҳи калони замонавӣ дорем оид ба дарёфти бемории сил. Инчунин дастгоҳи мобилии флюорографӣ дорем, ки дар ҳама муассисаҳо рафта дар ҷойҳояш ҳар як маҳкумшударо аз назар мегузаронанд"- афзуд ин ҳамсӯҳбати мо.

Дар маҳбасҳои Тоҷикистон, бино ба иттилои расмӣ, 12 ҳазор маҳбус нигоҳдорӣ мешаванд. Шикоят аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон зиёд аст. Зимнан, баҳори соли гузашта ҳам Кумитаи мубориза зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии сил ва ВИЧ дар боздоштгоҳу зиндонҳо даст ба кор шавад.

"Зиндон ҷойи истироҳат нест"

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Салиби Сурх борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ба ин созмон иҷоза бидиҳад, вазъи зиндонҳоро таҳқиқ кунад, ки то куҷо ба ҳуқуқи зиндониён эҳтиром мегузоранд ва шароити нигаҳдориашон чӣ гуна аст.

Аммо бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор, ҳукумат ин дархостро рад кардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъи зиндонҳои кишвар назар ба солҳои гузашта ва бо афзоиши маблағгузорӣ беҳтар шудааст, вале айни замон ба гуфтаи онҳо, зиндон "ҷойи истироҳат нест".

Бар асоси омори расмии Вазорати тандурустӣ, танҳо соли гузашта дар Тоҷикистон 1422 ҳолати нави сирояти вируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст. Ба ин тартиб, ҳар рӯз дар Тоҷикистон то чаҳор нафар ба ВИЧ гирифтор мешавад. Дар миёни гирифторони бемории вируси норасоии бадан дар Тоҷикистон беш аз 800 нафарашон кӯдак мебошанд.

Теъдоди гирифторони сил дар Тоҷикистон беш аз панҷ ҳазор гуфта мешавад, аммо инҳо танҳо нафаронеанд, ки бемории худро ба табибон ошкор кардаанд. Теъдоди онҳое, ки бемориашонро пинҳон медоранд ва табобат намегиранд, маълум нест.

XS
SM
MD
LG