Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Қирғизистон ҳимояташро аз "КТ Мобайл" пинҳон намекунад


Нахуствазири Қирғизистон.
Нахуствазири Қирғизистон.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев гуфт, аз тарҳи таъсиси ширкати давлатии мобилии "КТ Мобайл" шахсан ҳимоят мекунад ва сарусадоҳо атрофи ширкатро "сиёсӣ" номид. Абилғозиев баҳсҳо атрофи ширкати "КТ Мобайл"-ро, ки пушти он яке аз наздиконаш Имонқодир Рисалиев меистад, бори нахуст ба таври оммавӣ шарҳ дод.

"Ба назари ман масъалаи иқтисодиро набояд сиёсӣ кард. Албатта, робитаҳои хешутаборӣ бояд дар умури давлатӣ дахолат накунанд. Вале ин ҳамаро бояд нахуст муайян кард. Ман шахсан тарҳи фаъолияти муштараки ширкатҳои "КТ Мобайл" ва "Мегаком"-ро ҷонибдорӣ кардам ва гуфтам, ки он бояд роҳандозӣ шавад. Дар ҳоли ҳозир дар бозори алоқа ширкати мобилие нест, ки руҳияи қирғизӣ дошта бошад. Фикр мекунам, агар ширкати давлатие таъсис ёбад, кори баде нахоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Худи он рӯз Имонқодир Рисалиев аз мақоми роҳбарии котиботи созмони "Ҳукумати боз" истеъфо дод. Сухангӯи сарвазири Қирғизистон Адолат Султоналиев гуфт, Абилғозиев ба раҳбари намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо тавсия дод, ки дар робита ба баҳсҳои ахир номзадии Рисалиев аз мақоми ишғолкардааш бозхонд шавад.

Дар порлумони Қирғизистон барои омӯзиши қазияи марбут ба ширкати "ТК Мобайл" комиссияи махсус ташкил шудааст. Оқилбек Жамангулов, мудири кулли ширкати "Алфа Телеком" дар ҷаласаи нахустини комиссия гуфт, аз сӯи Имонқодир Рисалиев таҳдид шунидааст.

Имонқодир Рисалиев 15-уми май дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, робитаи вай бо ширкати "КТ Мобайл" танҳо дар он хулоса мешавад, ки писараш онҷо кор мекунад. Вай робитаи дигарро бо ширкат рад кард.

Жанар Акаев, вакили порлумони Қирғизистон гуфт, ширкати нави мобилии "Салам", ки ба "КТ Мобайл" рабт дорад, манфиати афроди алоҳидаро амалӣ мекунад. Вай илова кард, ки вазъ атрофи ширкат мумкин аст, то эъломи нобоварӣ ба ҳукумат бирасад.

"КТ Мобайл" соли 2003 дар асоси "Қирғизтелеком" таъсис ёфт. Он замон фаъолияти ширкат ба далели набудани сармоя ба роҳ монда нашуд. Вале ҳоло мехоҳанд, онро бо 345 миллион сом (ҳудуди 5 млн доллар)-и ширкати "Алфа Телеком" ба роҳ монанд.

XS
SM
MD
LG