Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 16-уми май даҳҳо зан, аз ҷумла модарони серфарзанд дар назди бинои шаҳрдорӣ бо талаби беҳтар шудани вазъи иҷтимоии худ ҷамъ омада, даст ба тазоҳурот заданд.
Ҷамъомадаҳо гуфтанд, барномаи ҳукумати Қазоқистон барои таъмини хонаводаҳои серфарзанд бо манзили зист корсоз нест. Онҳо мегӯянд, манзилҳо бояд бидуни пешпардохт ва фоизи бонкӣ дода шавад.
Ин занон моҳи гузашта дархости худро дар ин замина ба президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазир Аскар Мамин ва порлумони Қазоқистон фиристода буданд. Вале ба гуфтаи онҳо, номаҳо на ба ҷои лозимӣ, балки ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фиристода шудаанд.
Занони норозии қазоқ, пас аз он ки ягон масъули шаҳрдории пойтахти Қазоқистон то соати 11-и зуҳр ба наздашон набаромад, ба ҷониби Маркази Конгресс, маҳалли баргузории Форуми иқтисодии Остона равон шуданд. Дар натиҷа намояндаи шаҳрдорӣ ба назди занон рафта, гуфт, муовини шаҳрдор Бахит Султонов онҳоро ба ҳузур пазируфтанист, вале онҳо барнагаштанд ва гуфтанд, "аз дасти муовин коре намеояд".
Бино ба хабарҳо, дар маросими ифтитоҳияи Форуми иқтисодии Остона президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суханронӣ хоҳанд кард.
Эътирози модарон дар шаҳрҳои Қазоқистон пас аз он оғоз шуд, ки 5 кӯдаки як хонавода шаби 4 феврал дар натиҷаи сӯхтори кулбаи муваққатие дар Остона ҷон бохтанд. Волидони кӯдакон дар басти шабона кор мекарданд.