Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев ба Алишер Усмонов нишони “Дӯстӣ”, дараҷаи І дод


Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев олигархи узбектабори Русия Алишер Усмоновро бо нишони "Достик" (Дӯстӣ) қадрдонӣ кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Назарбоев, нишони "Достик" (Дӯстӣ), дараҷаи І ба муассиси ширкати USM Holdings Алишер Усмонов ба хотири “саҳми назаррасаш дар таҳкими дӯстӣ ва рушди робитаҳои иқтисодии Қазоқистону Русия дода шудааст”.

Алишер Усмонов дар ноҳияи Чусти Намангони Узбекистон ба дунё омадааст. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро $12,5 млрд арзёбӣ карда буд.

Вазорати молияи ИМА моҳи январи соли 2018 номи Усмоновро ба “гузориши Кремл” – рӯйхате ворид кард, ки ба он олигархҳои наздик ба ҳукумат ва президенти Русия Владимир Путин шомиланд.

XS
SM
MD
LG