Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RWB аз Тоқаев хост, ки роҳи Назарбоевро идома надиҳад


Созмони Хабарнигорони бидуни марз "сензураи сартосарии Интернет"-ро дар Қазоқистон маҳкум кард. Масъулони созмон рӯзи 10 май аз президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хостанд, ки аз шеваҳои таъқибгароёнаи раисиҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев даст кашад.

Дар изҳороти созмон омадааст, ки субҳи 9 май дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, YouTube, паёмакрасони Telegram ва чанд сомонаи дигари хабарӣ дар Қазоқистон маҳдуд карда шуданд.

Ба гуфтаи масъулони Хабарнигорони бидуни марз, "сабаби маҳдудияти навбатӣ эътирози осоиштае гашт, ки мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов аз хориҷ ба он даъват карда буд".

"Мақомоти Қазоқистон агар мехоҳанд, воқеӣ будани раванди ислоҳоти худро нишон диҳанд, бояд аз таҷрибаҳои таъқибгароёнаи пешин даст бикашанд. Сензураи дастрасӣ ба Интернет яке аз омилҳое ҳаст, ки Қазоқистонро дар раддабандии ҷаҳонии озодии баён дар миёни 180 кишвар дар мақоми 158-ум қарор додааст. Ин нишондод ба имиҷи кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъсир хоҳад расонд", -- гуфтааст раҳбари бахши созмон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Йоҳанн Бир.

Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, маълум аст, мақомоти Қазоқистонро мавҷи эътирозҳое ба ғазаб овардааст, ки дар пайи истеъфои Нурсултон Назарбоев дар миёнаҳои моҳи март оғоз шуданд.

Ба назари масъулони созмон, мақомоти Қазоқистон солҳои ахир батадриҷ сензураро дар расонаҳо ва Интернет сахттар карда, "нашрияҳои миллии мухолифи асосиро дар соли 2012 бастанд".

9 май дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ ва чанд сомонаи хабарии маҳаллӣ маҳдуд шуд. Давоми рӯз дар чанд шаҳри Қазоқистон сокинонро дастгир карданд. Боздоштҳо баъди он сурат гирифтанд, ки Мухтор Аблязов - мухолифи қазоқ - аз сокинон хост, бо нишони эътироз ба кӯча бароянд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG