Иттиҳодияи Аврупо ва се қудрати дигари аврупоӣ аз Эрон тақозо карданд, ки созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳониро эҳтиром кунад, чун бо вуҷуди таҳримҳои ИМА, ин санад аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Эрон пуштибонӣ мекунад. Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ ва вазирони хориҷаи Бритониё, Фаронса ва Олмон бо пахши изҳороти муштараке рӯзи 9 май гуфтанд, ки онҳо ҳамоно аз созиши калидии соли 2015 пуштибонӣ мекунанд.
Вале, ба таъкиди онҳо, ин кишварҳо ҳама гуна ултиматум ваё шартгузориҳои Теҳронро қабул надоранд. Теҳрон рӯзи 8 май гуфт, ки дигар ба маҳдудиятҳои фаъолиятҳои ҳастаӣ, ки дар созиш муқаррар шудааст, нигоҳ намекунад, то замоне, ки роҳҳали фирор аз таҳримҳои аз нав таҳмилшудаи ИМА пайдо нашавад. ИМА мегӯяд, ки Эрон дубора ба “харобкорӣ” дар минтақаи Ховари Миёна пардохтааст. “Мо ҳама гуна ултиматумро рад мекунем ва ҳама гуна шикоятҳои Эронро бар асоси тарзи рафтораш дар нисбати ӯҳдадориҳои ҳастаиаш арзёбӣ хоҳем кард”, омадааст дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо.
Эрон дирӯз гуфт, ки дар посух ба дубора ҷорӣ шудани таҳримҳои иқтисодӣ аз ҷониби Вашингтон дар соли гузашта, тасмим гирифт аз иҷрои қисме аз ӯҳдадориҳояш бар асоси созиши ҳастаии чор соли пеш канорагирӣ кунад. Таҳримҳои ҷоришуда ба иқтисоди Эрон зарбаи сахте шудааст. Қудратҳои аврупоӣ гуфтанд, ки аз дубора ҷорӣ шудани таҳримҳо “мутаассиф” ҳастанд ва ба қавлашон дар заминаи идомаи ҳамкориҳои қонунии тиҷоратӣ бо Эрон ӯҳдадор мемонад.