Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон аз бекор шудани натиҷаҳои интихоботи шаҳрдори Истамбул истиқбол кард


Президенти Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғон рӯзи 7 май як амри ниҳоди аршади интихоботии ин кишварро ситоиш кард, ки баъди пирӯзии ғайримунтазираи мухолифон дар моҳи март ба баргузории дубораи интихоботи мири шаҳри Истамбул амр додааст. Эрдуғон гуфт, ки ин амр ба тақвияти демократия дар ҷомеаи Туркия нигаронида шудааст. Ҳизби ҳокими Адолат ва тараққиёти Эрдуғон пирӯзии номзади мухолифонро аз ҳизби Ҷумҳуриявии мардумии Туркия зери суол бурда иддао кардааст, ки дар ҳисобу китоби натиҷаҳо “нақзи қонун ва коррупсия” ҷой дошт. Ниҳоди олии интихоботӣ рӯзи 7 май натиҷаҳои раъйдиҳиро бекор карда амр дод, ки овоздиҳии нав рӯзи 23 июн баргузор шавад. Як намояндаи ҳизби ҳоким гуфт, баъзе масъулоне, ки сандуқҳои раъйро назорат мекарданд, ходимони ҷамъиятӣ набуданд ва бархе санадҳои интихоботӣ бо натиҷаҳои овоздиҳӣ бидуни имзо супурда шудаанд. Акрам Имомоғлу, намояндаи ҳизби Ҷумҳуриявии мардумии Туркия, ки дар интихоботи мири шаҳри Истамбул пирӯз шуд, қарори мақомоти интихоботиро ҳамчун тасмими “хоинона” маҳкум кард. Гузоришҳо ҳокист, ки дар паи тасмими ниҳоди интихоботӣ, садҳо мардуми норозӣ ба хиёбонҳо рехта шиорҳои зиддиҳукуматӣ ба забон оварданд.


XS
SM
MD
LG