Низомиддин Зоҳидӣ, сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Теҳрон, ба Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон эътимоднома супурдааст. Дар ин бора расонаҳои эронӣ гузориш доданд, вале аз ҷузъиёти мулоқоти ду тараф чизе нагуфтаанд.
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини собиқи вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи даҳуми апрел сафир дар Эрон таъйин шуд. Ӯ баъди таъйиноташ ба ин мақом ба Радиои Озодӣ гуфт, барои беҳбуди муносибатҳои сардшудаи ду кишвар кӯшиш хоҳад кард.
Тоҷикистону Эрон, ки даҳсолаҳо равобити гарму наздик доштанд, ҳоло ҳамкориҳои зиёде надоранд. Иштироки раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳидин Кабирӣ дар як конфронсе дар Эрон моҳи декабри соли 2015 боиси норизоиятии ҳукумати Тоҷикистон шуд.
Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ эълон карда гуфтааст, ки он аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад. Раҳбарони ҳизб мегӯянд, ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ифротӣ надоштанд ва манъи фаъолияти онҳо дар соли 2015 фақат аз саҳнаи сиёсӣ канор задани як ҳизби исломӣ ва мухолифи давлат буд.