Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони чаҳор ҷоиза ва як бурсия барои хабарнигорони тоҷик


Як созмони хабарнигорӣ дар Аврупо барои рӯзноманигорону блогнависони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар чаҳор ҷоиза эълон кард.

Кунгураи аврупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик моҳи марти имсол ба кор оғоз намуд. Масъулони сомзон рӯзи 3 май гуфтанд, ҳадаф аз эълони ҷоизаҳо “ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати рӯзноманигорон, беҳбуди вазъи озодии баён ва посдошти арзишҳои рӯзноманигорӣ” аст.

Санҷар Ҳошимӣ, узви раёсати Кунгураи аврупоии хабарнигорону блогнависони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷоизаҳо барои “бунёдгузории тарҳ ва ниҳодҳои таҳкимбахши озодии баён”, “ҷасорат”, “садоқат” ва “наҷобат” тақдим мешавад. Маблағи ҷоизаҳо аз 3 то 5 ҳазор сомонист.

“Ин ҷоизаҳо дар як сол як бор, дар Рӯзи озодии баён тақдим карда хоҳанд шуд. Шаҳрвандон, идораи расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ метавонанд номзадҳои худро ҳамасола то 20-уми март пешниҳод кунанд”, - гуфт Санҷар Ҳошимӣ.

Инчунин, Кунгураи аврупоии хабарнигорону блогнависони тоҷик барои ҷой додани номи 73 тан аз рӯзноманигорони кушташудаи тоҷикистонӣ дар Newseum дар Вашингтон бурсияи 10 ҳазор сомонӣ таъсис додааст. Пажӯҳишгарони масоили расонаҳо, рӯзноманигорон ва созмонҳо метавонанд, ки аз ин бурсия баҳра баранд. То ҳол дар осорхонаи мазкур номи наздик ба 30 рӯзноманигори тоҷик ҷой дода шудааст.

XS
SM
MD
LG